Бахшҳо
31 мар 2016 08:37Тоҷикистон / Видео

Эй қаҳрамони миллат, зӯру тавони миллат. Таронаи Кутузов дар васфи Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)

Дар пайи нашри матлабу китобҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ахиран овозхонҳои тоҷик ҳам сурудҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд.

Дар интернет клипи як таронаи Далер Кутузов мечархад, ки “Пешвои миллат” ном дошта, бар пояи шеъри Мирзо Файзалӣ таҳия шудааст. Кутузов аввалин овозхоне нест, ки таронаи мазкурро иҷро кардааст. Қабл аз ӯ Ҷовидон Нозимов, писари хонандаи саршинос Зафар Нозимов низ онро суруда буд. Кутузов ин таронаро дар жанри поп ва Ҷовидон бо шеваи мардумӣ хондаанд. Аммо дар оғози клипи ҳарду тарона наворҳое аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон истифода шудааст.



Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон унвони расмии пешвои миллатро медиҳад, охирҳои соли сипаришуда тасвиб шуд. 9 декабри соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, 18 декабр аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам аз он ҷонибдорӣ намуд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ин қонунро рӯзи 25 декабр имзо кард.

Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.


Мӯҳр
.
Аз хад гурзондит.

ЧОВИДОН ТАМОМ КАРД НАВБАТ БА ИНАШ РАСИД 1 ЧАХОН ТАШАККУР

И КУТУЗОВШ БО ВАЗИВАГИРАЙ ЧИ БЕ ВАЗИФА МОНДАГИЯЙ ЧИ ХА ХА ХА

Мухочир
Барои Мухочирон шеър намехонед? Дар бораи азобу машаккатхои Мухочирон шеър намехонед? Дар бораи берахмона кушта шудани Мухочирон шеъ намехонед? :(

Вазири фархан хастан кани хезед аз чояш. Вазир зуд ба ин писар як вазифа тит. У Човидона ба кадом вазифа таъин кардед ин бечорахо мехнат кардаанд барои мехнаташон зоеъ нашудан вазифахои нагзашон тит.

мехмон
Ман тарафдори ба ин унвон сохиб шудани Рахмонов !! Фахр мекунам, миллати ман чунин родмардонро дорад. Лекин унвонхоро халк медихад. Ва бе ягон имзо, бе ягон конуну карор. Магар Шерак, Спитамен, Коваи охангар, Восеъи бузург барои кахрамон ё пешво шуданашон конуну карор ё ба вараке имзо кардаанд??
Бо гузашти айём таърих ва халк кахрамонро муайян мекунад.

Номдор
Хуб мешуд ки ин сурудро аз ки ки хаст хамин Ч Нозимов хонадаш бехтару хубтараш хамин аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)