Бахшҳо
04 апр 2016 10:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Таърифи дубораи Жириновский аз меваи Тоҷикистон ва дастури Э.Раҳмон

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия бори дигар аз меваю сабзавоти Тоҷикистон тавсиф карда, даъват намудааст, ки тамоми маҳсулоти кишоварзии мавриди ниёзи Русия аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ харидорӣ шавад.

Жириновский дар мусоҳибаи ҷадидаш, ки имрӯз, 4 апрел нашрияи “Известия” нашр кардааст, таъкид намудааст, ки агар Русия маҳсулоти Осиёи Марказиро бештар харидорӣ кунад, мушкили муҳоҷирон низ ҳал мешавад: “Агар маҳсулоташшонро харидорӣ кунем, муҳоҷирони тоҷик ба Русия намеоянд, дар Ватанашон кор хоҳанд кард”.

Раиси Ҳизби либерал-демократ афзудааст, мева, пашм, гӯшт ва дигар маҳсулоти лозимӣ барои Русия дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад: “Онҳо омодаанд, моро таъмин кунанд, аммо намехарем. Аз Юнон, Италия, Исроил мехарем. Айни ҳол моҳи апрел, аллакай дар Тоҷикистон клубники тоза пухтааст. Аммо дар мағозаҳои мо клубникҳои резинии Исроил фурӯхта мешаванд”.

Жириновский ҷанбаи мусбати таҳримҳо алайҳи Русияро дар он арзёбӣ кардааст, ки барои рушди кишоварзии дохилӣ ва хариди маҳсулоти бештар аз Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд: “Бинобар ин зарур аст, ки таҳримҳо ҳадди ақал ду даҳсола боқӣ монанд”.

Ин дуюмин суҳбати қаблазинтихоботии Жириновский дар як моҳи охир аст, ки зимни он раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия аз маҳсулоти Тоҷикистон тавсиф мекунад. Владимир Жириновский моҳи март дар суҳбат бо “Русская Служба Новостей” аз меваю сабзавоти барвақтӣ ва бомаззаи Тоҷикистон тавсиф карда, изҳор доштааст, ки ба ҷои хариди маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур бояд бештар маҳсулоти Тоҷикистон, Узбакистон, Молдова, кишварҳои назди Балтика харидорӣ шавад: “Дар давраи Русияи подшоҳӣ, вақте губернияи Тошканд буд, сокинони Осиёи Марказӣ ба Русия намеомаданд, он ҷо меистоданд ва мо дар ҷояшон меваю сабзавоту пахтаю пашму дигар маҳсулотро харида, бо воситаи нақлиёти худамон ба Русия меовардем”.

Ӯ пешниҳод карда буд, ки дар замони муосир низ дар Русия Вазорати савдои хориҷӣ ташкил шавад, ки тариқи инҳисорӣ ба ҷои маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур маҳсулоти Осиёи Марказиро харидорӣ намояд: “Ҳар чизеро, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, харидорӣ кунем. Аллакай моҳи март мо аз Тоҷикистон метавонем, карами барвақтӣ, олу, гелос, клубника ва ғайраро харидорӣ намоем. Он ҷо ҳама чиз барвақтӣ аст. Аммо ба мо маҳсулоти резинии Африқоро меоранд. Барои чӣ?”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар кишвар маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ роҳандозӣ карда, дастур дод, ки содироти меваю сабзавот ба Русия имсол 1,5 баробар ва соли оянда 3 баробар зиёд карда шавад.
Мӯҳр
Толиб
Барои раъи точикони русиях дар арафаи интихоботи наздик.Популизм!

сарсон мухочир
холоки хитой тамоми махсулоташро ба точикистонмеораду жирик ва орзуи меваи точикидоран хестедки хобатон

Саид
Жириновскии ин яке аз сиесатмадороне ки мавкеи муаян надорад .

Чи дорем? Зато меваи ширин дорем, ки хама талабгораш аст.

Чи дорем? Зато меваи ширин дорем, ки хама талабгораш аст.

Кремл
Ин таъриф муваққатӣ аст ва ҷанбаи таблиғотӣ дорад то вақте ки таҳримҳо аз Русия бардошта шаванд ва боз Жереновский мегуяд ки Толибон дар маркази Душанбе ро дор мекашанд. Ҳоло мебинед.

adl
Имруз ки дигар аврупо ба русия мева намедихаду тахрим кардааст точико ба ёдашон расидан. Ин жириновский санги тарозу шудаги. Бояд мо боз ба доми инхо нагалтему рохи ба дигар давлатхо баровардани махсулоти худро пайдо кунем. Руссия фардо бо аврупо муносибаташ хуб шавад боз мо точико аз забони худи хамин жириновский мардуми нодаркору бори зиёдати эълон мешавем. Инхо хама фиреб додан то ин вакт акнун боз мехоханд сенарияро иваз кунанду фиребро давом диханд.

Точик
Таърифхои Жероновский аратор кисаи Гурбаи зохид-и Убайди Зокониро баёд меорад...

Ха мевахои ширину шакаринро ба Русия дихем ва худамон аз мевахои резину пур аз доруи Хитой истифода кунем. Кани раиси чумхур фармон дихад, ки аз хорич мева дохил накунанду мевахои худамонро истифода барем. Факат аз болои нарх назорат бурда шавад.

Зайнаб
Барои хамин бошад ,ки рузхои охир ФМС тадбирхои шадиди ихроч ва чаримаи саросариро ба кор гирифтааст.Равед меваю сабзавот чамь кунед..

Он смотрит глубже. Думаю стоит прислушаться к нему. Может его предложение, в итоге приведет и до политики протекционизма в нашей сельскохозяственной отрасли...пакистанщины и китайщины и вообще все чужие "щины" исчезнут из наших прилавок ...и наших земель.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)