Бахшҳо

ВКД: Худкушии Бунёд ба даъваташ ба милиса рабт надорад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи худкушии Бунёд Мирзоев, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат, ки шаби 2 ба 3 апрел худро ба дор овехтаст, ба даъвату бозпурсияш дар идораи милиса рабт надорад.

Ин ниҳод, имрӯз, 5 апрел бо нашри як иттилоия, хабарҳо дар мавриди худкушии ин ҷавонро дар пайи боздошт ва латукӯбаш аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Ваҳдат беасос хонда, қазияро чунин шарҳ додааст: “Рӯзи 2 апрели соли 2016, шаҳрванд Мирзоев Бунёд Маҳмадиевич, таваллудаш 28 феврали соли 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Кишоварз хонаи 17, оиладор, соҳиби як фарзанди хурдсол, бо ҳамроҳии падараш Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1963, ки дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат дӯкони гӯштфурӯшӣ дорад, бинобар сабаби мутобиқат намудани ному насабаш бо ному насаби яке аз шаҳрвандоне, ки қасди сафар ба Сурия ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳонаро дошт, ба шӯъбаи милитсия даъват гардид ва пас аз гузаронидани сӯҳбат дар ҳузури падараш ба хонаашон ҷавоб дода шуд”.

Вазорати умури дохилӣ аз қавли Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич, падари Бунёд изҳор дошт, ки аз ҷониби кормандони милитсия нисбати фарзандаш ягон хел зуроварӣ, лату кӯб ва фишороварӣ содир нагардидааст: “Муносибати дағалона низ зоҳир нагардидааст, чунки кормандони милитсия фарзандашро дар ҳузури ӯ пурсон шуда, пас ҷавоб додаанд”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан қазияи худкушии Мирзоев аз ҷониби масъулини мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

Худкушии Мирзоев Бунёд баъди чанд соати бозгашт аз идораи милиса, дар рӯзе сурат гирифтааст, ки бояд яксолагии писарашро таҷлил мекардаст. Ин қазия миёни сокинони Ваҳдат сарусадои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд, як нафари мамнуъ-ул-вуруд ба Русия ба номи Бунёд Мирзоев барои худ шиноснома омода карда, баъдан қасди сафари Сурия кардааст. Бархеи дигар мегӯянд, эҳтимол худкушии Мирзоев ба муноқишаи хонаводагӣ рабт дорад: “Чанд моҳи қабл модаркалони хонавода даргузаштааст, вале марҳум мехостааст ба ҷашни яксолагии писараш сароянда даъват кунад, ки ин боиси норозигии баъзе аз аъзои хонаводааш шудааст”.
Мӯҳр
Милиса
Чихел рабт надоштааст ки дар даруни милисахона кушта шудааст?! дуруг мегуед уро куштед бо дуруг мегуед ки у худро ба дор овехт.

Пас ки куш уро дар дохили адел.? Агар худкуши кардааст сабабаш дар чи буд?? Аз Аллоҳ битарсед дар и дунё дуруғ мегуи аммо дар пешгоҳи Аллоҳ на дуруғат фоидат мекунад на тавбаву надоматат. Умар Бобоҷоновро ҳам гуфтед худаш мурд дар аммо барои ҳамаи ин ҷиноятҳоятон пеши ин миллат ҷавоб хоҳед гуфт!!!. Озодагон!!! Аз шумо хоҳиш коменти маро чоп кунед.!

Ба ахли хонаводаии ин додарамо хамдардии худро баён месозам !!! Хело дахшатовар , чи хел чавони солим худро ба дор мекашидаст ??? Оё дар чумхури касе хаст ки ин бедодгарихои кормандони вазорати дохиларо хотима бахшад ??? Оё прокуратура кафили конуният нест ??? Дар итиллооти расми як нуктаи назар , вале магар офтобро бо доман пушида мешавад ??? Мо боз шукрона мекунем ки дар давлати демокративу дуньяви гуё зиндаги мекунем ... Маро хамин савол азиятам медихад ки оё дар давлати мо чони шахрвандонаш заррае хам кадр дорад .... ???????

Anty
Durug nagen kshtagiyensh bejorara ak shumo bo ai kai ita rahmdilshidagienki dar peshi otash boz pursikarden javob dodensha va i barodar Khudo rahmatsh kna zohiran ba in soneki khdsha bkusha monand nest

Халк
пурсандахо!!! ба маймунбози хотима дихед. Сурияро аз зехнхои худ тоза кунеду барои пагон шуда, ба хаёти мардуми бегунох бози накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)