Бахшҳо

Душанбе ҳам дар Фонди алмоси “СССР” ҳаққи худро дорад (ВИДЕО)

Тоҷикистон ҳам дар Фонди алмос ва тиллои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ-“СССР” ҳиссаи худро дорад.

Ин нукта дар қарори Шӯрои Олӣ, аз 9-уми сентябри соли 1991 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон таъкид шудааст.

Тибқи қарори Шӯрои олӣ аз 9-уми сентябри соли 1991, ки дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, Тоҷикистон мустақилона истихроҷ, коркард, нигоҳдории тилло, металҳои қиматбаҳо ва сангҳоро дар қаламраваш амалӣ месозад. Инчунин захираҳои худии тилло, алмос ва дигар металу сангҳои қиматбаҳоро ташкил мекунад.

Дар тағйироте, ки ба моддаи 13-и Эъломия дар рӯзи эълони истиқлолияти Тоҷикистон ворид гардиданд, таъкид шудаст, ки Тоҷикистон дар захираҳои тилло ва фонди асъору алмоси СССР ҳиссаи худро дорад.

Фонди алмоси СССР маҷмӯи сангу металҳои қимматбаҳо ва маҳсулоти заргарӣ мебошанд, ки аҳамияти калони таърихӣ, фарҳангӣ ва моддӣ доранд: “Инчунин хӯлаҳои табии металҳои нодирро дар бар мегирад”. Феълан арзиши дақиқи бозории ин Фонд ҳисоб нашудааст, аммо Узбакистон тайи чанд сол пойфишорӣ дошт, то маблағи Фонд ҳисоб шаваду ҳаққаш пардохт гардад.

Дар пайи баҳсҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо имзои як қарор ба ивази даст кашидани Узбакистон аз ҳиссааш дар Фонди алмоси СССР қарзи 865 миллиондолларии Тошкандро бахшид. Тошканд аз миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шуда, расман аз ҳақаш дар Фонди алмоси СССР даст кашид.

Тавре “Парламентская газета” газетаи парлумони Русия менависад, аъзои Шӯрои Федератсия зимни баррасии ин масъала суол ба миён гузоштанд, ки оё дар пайи лағви қарзи Узбакистон кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъвои ҳаққи худро нахоҳанд кард? Сергей Сторчак, ноиби вазири молияи Русия посух додааст, ки “Фонди алмос-ин мероси фарҳангӣ аст ва чун “хазинаи пул” ҳеч гоҳ мавриди назар набуд. Бо такя ба ин нукта мо солҳо боз исбот карда истодаем, ки ин ҷо чизе барои тақсимкунӣ нест. Бо Узбакистон ин масъала ҳуқуқӣ ҳал шуд, бо кишварҳои дигар ин масъала дар сатҳи сиёсию дипломатӣ ба миён гузошта нашудааст”.

Ба сифати далели қотеъ, ки кишварҳои дигар даъвои ҳақашон дар Фонди алмоси СССР-ро нахоҳанд кард, қарзҳои СССР дар назди Хазинаи байналмилалии асъор оварда шудаанд: “Баъди пошхӯрии СССР, вақте масъалаи пардохти қарзҳояш аз ХБА ба миён омад, ки ҳамаи кишварҳо бо ишора ба Маскав худро канор гирифтанд”. Вазорати молияи Русия он қарзҳоро ҳисоб карда, ҳамчун далели асосӣ зидди кишварҳое пешниҳод кардааст, ки мехоҳанд, ҳаққи худро аз Фонди алмоси СССР талаб намоянд.

Арнолд Тулохонов, узви Шӯрои федератсия барои муътақид шудан, ки ҳеч кишваре даъвои Фонди алмоси СССР-ро нахоҳад кард, пешниҳод намудааст, ки ин Фонд ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гарданд: “Он гоҳ суҳбатҳо дар мавриди тақсими Фонд маънӣ нахоҳанд дошт”.


ВИДЕОИ Фонди алмоси СССР дар солҳои 60-уми асри гузашта, ки баъдан боз комил шудаст:

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)