Бахшҳо

Дар Русия ба сари муҳоҷири тоҷик се тир холӣ кардаанд (НАВШУДА)

Ба сари як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз таппончаи пневматикӣ тир холӣ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин воқеа шоми рӯзи гузашта (8 апрел) дар стансияи метрои Калужская ба вуқӯъ пайвастааст. Аз ҷабрдида, ки дар ҳолати вазнин ба беморхона бурда шудааст, Сулаймон Саидов ном мебаранд. Сабаби ин ҳамларо баҳси лафзии Сулаймон бо як фарди номаълум мегӯянд, ки талош кардааст, муҳоҷиронро аз вагони метро берун кунад.

Расонаҳо мегӯянд, марде бо чеҳраи славянӣ ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар метро нишастаанд, таҳқир намуда, баъдан хостааст онҳоро аз вагон берун кунад. Вақте он мард Муҳаммадҷон Ҳакимови 19-соларо таҳқир кардааст, Сулаймон Саидов талош карда, ӯро ором созад, аммо дар ҷавоб ба сараш тир хӯрдааст: “Муҳаммадҷон аз тарс фирор кардааст. Ҳамлагар боз ду тири дигар ба сари Сулаймон холӣ кардааст”.

Бино ба иттилои LifeNews, муттаҳам дар анҷоми ин амал боздошт шуда, аз сӯи муфатишони Кумитаи тафтишотӣ бозпурсӣ мешавад. Ин расона аз дастгиршуда Сергей Ц, ном бурда гуфтааст, дар наздикиҳои стансияи “Калужская” манзил доштааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 9 апрел ба “Озодагон” гуфт, вазъият зери назорати ҷиддии онҳо қарор дорад. Ба қавли ӯ, кормандони сафорат дар ҳамкорӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба беморхонае, Сулаймон бистарӣ аст, рафта, бо хешовандони ӯ мулоқот кардаанд: “Инчунин кормандони мо бо намояндагони мақомоти тафтишотие, ки ин парвандаро таҳқиқ менамоянд, мулоқот анҷом доданд”.

Сарвар Бахтӣ мегӯяд, Сулаймон Саидов 28 сол дошта, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.


Дар акс Сулаймон Саидов
Мӯҳр
Muhammadjon
Бародарон бояд ягон чорае фикр кард ва вазъияти дохилро ба эътидор оварда дигар ба Россия наравем. Чаро хукуматдорони мо номус намекунанд? Хаминкадар шахрвандони моро такир мекунанду мекушанд, ягон амале аз онхо намебарояд. Бовар кунед аз тахкиркунию паст задани руссхо маро номусам мебиёяд чаро хукуматдоронро не. То ба кай барои нафс шуда чони хазорон мазлумро дар хатар мемонед. О мо мехохем, ки дар ватан зиндагию кор кунем. Вакти андеша кардан омадааст дустон. Чи бояд кард андеша кунед. Озодагон бе кайчи илтимос ин фикри ман.

эрач
Кухистони, Рост гуфти бародар ,калоншавандахо хама дар гами кисаи худашон,Кай парвои ин мухочири тирхурда доранд..

Сангак
Русхо хеч вакту замон дусти точикон набуданд ва нахоханд шуд. Агар ягон миллати дигар мебуд холо ба русхо чавоб мегуфтанд на точик ва точикистони. Хама беномус шудааст.

Бародарон, эхтиет кунед. Дар холе ки телевизион ва радио шабу руз "исломихо", "мухочирон" ва "мусофирон" -ро хадафи асосии фаъолияти худ карор додаанд, мардуми русия "захролуда ва кахролуд" гаштаанд. ТАНХО набошед, ШАБХО нагардед, ба забони русй харф занед. Хукуматдорони мо бо корхои давлатй банд хастанд. Конунхои зиед, барномахои зиед, ташкилихои зиед доранд. МАРДУМ, худатонро эхтиет кунед, факат аз худо пинхонй ва сидкан мадад чуед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)