Бахшҳо
09 апр 2016 09:44Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд? (АКС)

Парчами бузургтарини Тоҷикистон, ки бо миллаи 165 метриаш ба китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт, поин оварда шудааст.

Чанд тан аз масъулини тамизсозии Боғи парчам имрӯз, 9 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар пайи боди шадид парчам поин оварда шуд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта чандин маврид боди сахт матои парчамро пора карда буд. Ба қавли онҳо парчам дар бештари ҳолат дар пайи чиркин шудан, даридан ё ҳолати техникии дигар барои таъмир поин оварда мешавад.

Матои парчам, ки 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ дорад, 9 сентябри соли 2011 дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар канори Қасри миллат расман барафрохта шуд. Сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" бунёд карданд. Ин сутун аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад.

Парчами Тоҷикистон дар ҳисоби ширкати “ТалКО” қарор дошт, аммо Игор Сатторов, сухангӯи ин ширкат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло он дар тобеияти “ТалКО” нест.


Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд? (АКС)

Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд? (АКС)
Мӯҳр
Асалому алайкум Миллати Шарифи Точик!
Бисер кори хуб кардаанд, ки парчамро поин овардаанд!
Фикр мекунам, макомот дарк кардаанд, ки бо ин иктисоди Фалач, мухочирати нисфи Миллат, бе барки, бекори барафрохтани байраки осмонбус мааное надорад.
То оне, ки камбудихои дар боло зикр карда Шуда бартараф нашавад байракро дубора бардоштан маани надорад!
Хатто айб АСТ.

акбар
дар хамин соли вазнини 2016 пони фуровардан

Сиесат
Сугдинажод,
Номахкул карди барои рушди кишвар захмат боядкашид на дар инча гапхои пучро бояд зад. Агар хар якфарди ба ори ватан якзаррае хизмат кунад олам гулистон мешавад. Мехнат бояд кард мехнат.

Парчама боло бардоштан як хабар навис Озодагон

БА СУГДИНАЖОД!
Хофизон мурданданду ту хофиз шуди, ...
Давлатдори кори сахл мебуд, хама хокими чахон мешуданд.Дар хона зану ду кудак дори шаб ба фикру андеша мехоби ки пагох чи тавр ризк ба даст овари.Агар чунин донову корчалон боши заводу фабрика созу мардумро бо чои кор таъмин кун.Парчаме ки бо кадом сабаби узрнок муваккатан гирифтаанд, оварда ба сиёсати давлат мечаспони.

Ronanda
Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд?
Parchami moya boyad har ruz yak bor poin orand, sabab zijod.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)