Бахшҳо

Аз шоҳзодаи араб то кайҳоннаварди малайзиягӣ: 9 мусалмоне, ки ба кайҳон рафтаанд

Имрӯз, 12 апрел аз парвози нахустин инсон ба кайҳон 55 сол сипарӣ мешавад. Ба ҳисоби М.Субару, раҳбари кулли оҷонсии миллии кайҳонии Малайзия, дар ин муддат бештар аз 500 нафар ба кайҳон парвоз кардааст, ки миёнашон ҳашт мусалмон низ ҳаст.

Бино ба иттилои ӯ, Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ -- Султон ибни Салмон соли 1985 ба ҳайси аввалин мусалмон ба кайҳон парвоз кардааст. Дуюмин нафар Форис Муҳаммад Аҳмад, кайҳоннавард-муҳаққиқи киштии кайҳонии “Союз ТМ-3” мебошад, ки моҳи июли соли 1987 ба кайҳон рафт. Пас аз бозгашт ин кайҳонаварди суриягиро бо ҷоизаи “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва медали “Ситораи Сурх” қадр карданд. Манаров Мусо Хиромонович бошад, аз 21 декабри соли 1987 то 21 декабри соли 1988 дарозтарин парвози кайҳониро анҷом додааст. Ӯро “рекордсмен”-и тӯлонитарин парвоз (365 рӯзу 23 соат) эътироф кардаанд. Ин кайҳонварди доғистонӣ аз 2 декабри соли 1990 то 26 май 1991 дуввумин парвозашро анҷом дод.

Ба ин тартиб, Моманд Абдулаҳад, кайҳонаварди афғон соли 1988 ба кайҳон парвоз карда, ба унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” даст ёфт. Соли 1991 кайҳоннаварди қазоқ -- Аубакиров Токтар Онгарбаевич ва соли 1994 Мусобоев Талгат Амангелдиевич, доктори илмҳои техникӣ парвози кайҳонӣ анҷом додаанд. Шарипоф Солиҷон Шакирович, узбектабори шаҳрванди Русия соли 1998, Ануша Ансорӣ, кайҳоннаварди эронитабори амрикоӣ соли 2006 ва Шукор Шайх Музафар кайҳоннаварди малайзиягӣ соли 2007 ба кайҳон парвоз кардаанд.
Мӯҳр
Аз сиёхчолахо
Мусалмонон ба кайхон намераванд мусулмононро мебаранд ба кайхон ва нишон медиханд ки осмоне вучуд надорад кадом осмон!? ва ёд медиханд ки дар манзумаи шамсии мо чихо хаст чи тур мечарханд ки аз ин пеш на китоби диниашон на хеч мулояшон чавоби дурутс надода факат як навъе сухан гуфта ки на ха хаст на не ва нишон медиханд ки дар он чое ки номаш осмон ва ё само хаст заминро хам дар осмон мебини ва кахкашонхо на он чизе ки дар гузашта иддао мешуд балки факат он чизе ки мо мебинем ё расад шуда 400 миллирад кахкашон ва хар кадом сохиби аз 200 то триллион ситораву сайёра доранд

Дед
Аз сиёхчолахо,
Ай худо тарс бародари ё хохари ба и гапут

точик
камтар шарм кунеду ба гузари кордгарони истаравшан равед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)