Бахшҳо

Мубин Эргашев худро назди мухлисон "сафед" карда натавонист. “Истиқлол” боз бохт

Тими “Истиқлол”, қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон аз дастаи “Нафт ал-Васат”-и Ироқ шикаст хӯрд.

Ин бозӣ, ки дар чорчуби даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2016 рӯзи гузашта (12 апрел) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд бо ҳисоби 0:1 ба нафъи меҳмонон ба анҷом расид. Акнун “Истиқлол” тамоми шонсҳояшро барои берун шудан аз гуруҳ аз даст дод.

“Истиқлол” дар қувваозмоии даври севуми ин сабқат ҳам, ки дар варзишгоҳи “Пас”-и шаҳри Теҳрон баргузор шуд, аз “Нафт ал-Васат” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” дар нишасти хабарии қабл аз бозии даври чорум рӯзи 11 апрел дар Душанбе гуфта буд, мехоҳанд барои бохташон дар меҳмонӣ инт иқом бигиранд: “Мо мехоҳем барои бохти худ дар меҳмонӣ интиқом бигирем ва худро дар назди мухлисонамон сафед кунем”.

"Истиқлол" дар сабқати интихобии Ҷоми AFC-2016 ҳамроҳ бо "Нафт ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон дар гуруҳи "В"-анд ва баъди бозиҳои даври чорум “Нафт ал-Васат” бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. "Ал-Файсал" 8 хол ва "Триполи" 4 имтиёз доранд. “Истиқлол” ҳамагӣ як имтиёз дошта, зинаи охирро муаррифӣ мекунад.

Дар даври 5-уми мусобиқа (26 апрел) "Истиқлол" бо "Ал-Файсал" ва "Триполи" бо "Нафт ал-Васат"-у дар даври 6-ум (10 май) "Истиқлол" бо "Триполи" ва "Нафт ал-Васат" бо "Ал-Файсал" қувва меозмоянд. Новобаста аз натиҷаи ин бозиҳо "Истиқлол" ба даври баъдӣ роҳ намеёбад.
Мӯҳр
.
Ин футболистои точик дар хурди кашаро камтар хурдагианд. Аз ин ру хеч гох бар ягон ракиби более менее бохунар галаба карда наметавонанд.

nabi farhor
Бовар кунед ин бозингарони Истиклол якбора шарманда карданд.Дируз бо чи хел тайёрихо ба майдон барои мухлиси рафтем,парчам харидем,дудикхо харидем.аммо бе натича.Аз он чо гушхо кашоллллл баргаштем.Шарм надошта боз мухофизон мегуянд,ки чипта надоред ба майдон надароед.Майдони футбол холист,дар беруни майдон тало-туп.Агар Истиклол ягон камандаи дигарро мебрид,мо чиптаро 10с-нею 100с-мехаридем.

Mawlono
Бехтар аст ки ин тимро аз нав аз хисоби футболбозони лоик ташкил кунанд. Айб аст.

Аз ҳукумати кишвар хоҳиш мекунам, ки футболбозони тими миллӣ ва дастаи "Истиқлол"-ро ба ноҳияи Носири Хусрав бифиристад, то дар маъракаи кишту кори тарбузу харбуза ва ҷамоварии онҳо ба деҳқонон ёрии ройгони хешро расонанд, ана дар он сурат аз онҳо натиҷаи хуброинтизор шудан мумкин аст.

Хамаашонро аз озмун гузаронида ба ансамбли раксии Падида рохат дихед.

Истиклол шарманда кард Вой бар холи футболи точик!Истиклол бо тагабози факат тимхои точикистона мебарад Аз сартренер то бозингаронаша ба истеъфол равон кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)