Бахшҳо
14 апр 2016 14:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кӯчаи Шаумян ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Шаумяни ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар назди маҳаллаи Гардиши фурудгоҳ ҷойгир аст, ба номи Суҳроб Шарипов гузоштанд.

Вакилони халқӣ имрӯз, 14-уми апрел зимни ҷаласаашон дар Душанбе ҳадаф аз ин иқдомро қадрдонӣ аз хизматҳои марҳум Суҳроб Шарипов, собиқ вакили парлумон ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Инчунин Маҷлиси вакилон номи кӯчаи Олег Кошевойро ба номи Ваҳобҷон Иномов, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кӯчаи Томинро ба Само, Добролюбовро ба Садоқат, Глинкаро ба Нурафзо, Шмидтиро ба Сафо иваз намуд.

Суҳроб Шарипов 19 январи соли 2015, бар асари бемории камхунӣ дар синни 52 дунёро падруд гуфт ва агар марҳум дар қайди ҳайёт мебуданд, 18 апрели соли равон ба синни 53 мерасиданд. Муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ марбут мебошанд. Дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.
Мӯҳр
Баходур
Офарин Раиси Шахри Душанбе! Ватандуст буданатонро боз як бори дигар тасдик кардед! Мард аст ки кадри мардро донад!

Едат ба хайр Сухроб Шарипов!

сафар
Ин марди фозил ва ватандуст бехтарин мисоли ибрат ба чиновникои точик аст. Сухроб Шарипов дар хакикат мард буд. Лавзу кораш пок буд. Донишманди бузург хам буд. Рухат шоду манзили охиратат обод бод!

точикона
хизмате накардааст ин мархум ки сазовори номи куча бошад

Тохир
Точикона,

завидуй молча..... Таким как ты до Шарипова много жизней надо пережить. За кресло крепче держись!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)