Бахшҳо

Таҷлили Рӯзи Президент бидуни истироҳат: Ин шахспарастӣ нест

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро қабул намуд, ки бар асоси он 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардида, ҳамасола таҷлил карда шавад.

Мавлуда Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тағйирот, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, изҳор дошт, ки эълони Рӯзи Президент ба ҳеч ваҷҳ маънои шахспарастиро надорад: “Ин ҷо ҳеч ишора ба шахсият нест, балки эълони рӯзи нави ид қадрдонӣ аз хизматҳо ва корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон аст”. Ӯ афзуд, ки ин тағйирот хароҷоти иловагиро аз буҷаи давлат талаб намекунад. Қаландарзода дар шарҳи иди нав афзуд, ки 16 ноябр рӯзи истироҳат нахоҳад буд ва он монанди идҳои касбии кормандони соҳаҳои дигар таҷлил хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки расонаҳо дар ин маврид зиёд менависанд: “Аммо рӯзи Президент дар дигар кишварҳо низ ҳаст ва он манфиати зиёд дорад”.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки тағйироти мазкур аз ҷониби Ҳукумати бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пештар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар лоиҳа иди нав ҳамчун Рӯзи Президент пешниҳод шудааст: “Аммо беҳтар аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад, зеро Президент дар ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дар Академияи илмҳо низ ҳаст. Аммо Пешвои Миллат як нафар аст”.
Мӯҳр
Mo dar yak zamone zindagi dorem ki insonho hudro hamavakt nishon dodan mehohand. Dar tarih nomi hudro guzoshtan mehohand. Agar Hudovand hohad nomi shahsoni buzurk az tarih tozza nameshavad ammo ammo Rozigii hudovand naboshad sad ruzi jashni shahsiyathoi buzurgro kayd kunen be foyda.

куруш
мухтарам вакилон кори хуб карден факат як камбудии чидди ба рох доден о модом ки рузи президент бошад бигзор як руз рузи истирохати бошад як хизмати дигар барои хамин мардуми бе парво мекардед нуран алонур мешуд

Аста-аста истирахаташ кунен

Ба Хасан
Ин Худованди ту ачоиб будаст Худои ман мегуяд ки аклатро кор нафармои ман кумакат намекунам хатто дар як масали мардуим ам аз ту харакат аз ман баракат мегуянд Худованди бузурге ки миллати ман беш аз 10 хазор сол боз мешинохт

Агар шахспарасти набошад, чи лозим ин руз? Магар дар Россия чунин руз вучуд дорад? Путин дар хакикат барои Россия хизмати арзанда кард ва мардумаш нихоят бой шуданду обу руи Россия дар арсаи чахон боло рафт. Пешвои шумо чи кор кард? Магар мардуми мо зиндагии сагона надоранд? Шумоки дар мансаб хастед ва аз дасти у нон мехуред ва аз тарафи у сохиби тавачух хастед, дар доираи худ ин рузро чашн мегирифтед, мераксидеду суруд мехондед. Мо ин рузро хамон макт мепазирем, ки вазъи зиндагиамон, бех гардад. Ба райъдихи низ намеравам ва ахли оилаамро, ки чамъ 12- нафарем, намемонам. Чунки овозхои мо барои шумо лозим нест ва шумо кори худатона мекунед. Инро хама медонад. Озодагон мехнат карда менависем чаро ё чоп намекунед ё чойхои мухимашро кайчи мекунед?

Шумо ба Казокистон таъсуб кардед, ки у дар радабанди дар давлатхои собики шурави ИДМ дар чои аввал истода дар чахон дар чои 50-ум. Махсулоти дохилиаш ба сари харяк ахоли 25 367 долар баробар будааст. Точикистон дар чои охирон истода махсулотии дохилиаш ба 2 830 долар баробар. Фаркиятро бинед. Шарм намекунед барои шахспарасти ва хушомадгуию рекламахои дуругинатон.

Мухтарам вакилон шумо мегуед ки шахспарасити нест , пас шумо маълум кунед ки шахспараси чисту чи таърифт дорад ?

чавонони н.И. Сомони
Э мардум ин Хизматхое, ки Президенти Чумхурии Точикистон ба мардумаш кардааст ба фикри ман ягон Президент накардааст Шумо хамаруза наворхоро дар телевизион мебинед дар кадом руз карор доштем ва Худоба шукр, ки имруз дар кадом руз карор дорем. Рузи Президент бахама мардуми точик муборак бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)