Бахшҳо

Муовини пешини Бег Сабур дар "соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил" гумонбар мешавад

Нисбати Қадамҷон Сафизода, мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бар пояи моддаи 259 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ (соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил) парванда боз шудааст.

Дар сурати исботи гуноҳ ӯро ҷарима дар ҳаҷми то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, талаби “пора” ва дигар гумонҳо алайҳи ӯ собит нашудаанд.

Қадамҷон Сафизода, ки 34 сол дорад, 3 апрели соли равон дастгир шуда, дар Боздоштгоҳи №1-и Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Амри Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар барои аз кор озод кардани Сафизода 4 апрел содир шудааст. "Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад",-омадааст дар ин амр, аммо сабабҳои он шарҳ дода нашудааст.

Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дод, ки Қадамҷон Сафизода дар "истифодаи нодурусти маблағҳо" гумонбар дониста мешавад ва парвандаи ӯро муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳ бо муфаттишони додситонӣ дар ихтиёр доранд.

Қадамҷон Сафизода вақте ҳамагӣ 23 сол дошт, ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба кор рафт ва баъди се сол дар курсии муовини раиси ин ниҳод такя зад. 14 январи соли 2012 дар 30-солагӣ мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин гардид.
Мӯҳр
муфатиш
"сохибкории гайриконуни аз чониби гурухи муташаккил". чиноят, ки гурухи бошад, дигаронаш ки бошанд?

Собир
Бачаи ояндадор буд, худашро хайф кардааст

хаткашон
хамаи ин корхо окибат надорад вакте нерухои зехниро боздошт намуда, дар як руз нисбаташон чанд гумону шубхахо пахш мешавад. Аз 3 апрел ки ягон далели мушаххас пайдо нашуд озод мешуд бачаро ба бозихо калон даровардан чи лозим

Хоркаш
муфатиш,
Дигаронаш соҳибдор будагӣ. Крайни ҳамии бачача ғалтидагиш.

Ин бача сахт ва зуд парвози кори кардаасту зуд ба поин афтидааст. Ин кас ба фикрам хешамон нест вагарна уро ба кори дигар мегузарониданд, яъне чоиивазкуни мекарданд, ки холо дар хукумати кишвар 25- сол мода шудааст. Ин якумин тагироти кадри, ки аз кор озод шудааст на чойиваз кардааст.

Довуд
Ба "Собир"

Агар ту хам аз хешовандони Абудчаббор Азизов мебуди "ояндадор" мешуди ва хайф намешуди........

Ба "Хаткашон"
Чи гуна "неруи зехни". Ту дар бораи ки гап зада истодаи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)