Бахшҳо

Ноиби ректори ДИТ: Ҳадафи мо тарғиби либоси миллӣ аст, на аз байн бурдани фарзи исломӣ

Бархе аз донишҷӯдухтарони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -- Абӯҳанифа мегӯянд, аз онҳо талаб шудааст, дӯхти куртаҳои худро дигар намуда, рӯмолҳояшонро ҳам бо шакли дигар банданд.

Чанде аз ин духтарон бо шарти ифшо нашудани номашон ба “Озодагон” гуфтанд, устодон аз онҳо тақозо карданд, ки минбаъд аз пӯшидани рӯмоли сиёҳ парҳез намуда, рӯйми худро на зери манаҳ, балки ба пушт банданд: “Дар маҷлис гуфтанд, ки агар ин шартро риоят накунед, донишгоҳро мебанданд. Таъкид намуданд, ки сабаби бастани ин даргоҳ нашавед”.

Масъулини Донишкадаи исломӣ бо тасдиқи ин хабар мегӯянд, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми фарҳанги бегона гирифта шудааст. Искандаршоҳ Умаров, ноиби ректор оид ба тарбияи ДИТ ба номи Имоми Аъзам -- Абӯҳанифа имрӯз, 19 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, либоси пешниҳодкардаи онҳо аз нуқтаи назари Ислом фарзро инкор намекунад: “Мо либоси миллиро тарғиб мекунем. Бархе донишҷӯдухтарони мо либоси поёни худро аврупоӣ ва болоро сатр мекунанд, ки тарғиби фарҳанги Аврупо мебошад ва инро бояд аз байн бурд. Ё қисме либоси сиёҳ пӯшида меоянд. Ҳатто духтароне ҳастанд, ки либосеро пӯшида, барои худнамоӣ чандин маротиб дар роҳрави донишкада қадам мезананд. Мо зидди дӯхти либоси танг ва арзиши гарони матоъҳо ҳастем. Имрӯз духтарон як матоъро гирифта, бо як тарзи диққатҷалбкунанда онро либос медӯзанд. Тасмими раёсати донишкада ин аст, ки фарҳанги бегонаро аз байн бурда, дар пайи ҳифзи фарҳанги миллӣ бошем”.

Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, навъи рӯймолбандие, ки онҳо тарғиб мекунанд, тамоми фарзҳоро риоят мекунад: “Барои пӯшиши духтароне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд ё умуман ҷое таҳсил намекунанд, матои оддиеро, ки арзиши гарон надорад, интихоб кардему онро тарғиб мекунем. Куртаҳо бояд то гулӯ духта шаванд. Шакли бастани рӯмол бошад, бояд ба ҷониби пӯшт баста шавад, на бо зери манаҳ. Ин ба он хотир аст, ки фарҳанги миллиро ҳамаи донишгоҳҳо қабул кунанд”.

Ноиби ректор афзуд, дар Донишкадаи исломӣ барои ба ин тарз духтани либосҳо дузандаҳо фаъолият мекунанд. “Мо ба духтарон гуфтем, ки ҳар касе шароити харидории матоъро надорад, ба раёсат муроҷиат кунад ва мо онҳоро бо либос таъмин мекунем. Либосе, ки ҳоло тарғиб мекунем бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи дину Маркази исломӣ мувофиқа шудааст. Тарғиби либоси бегона ҳатто ба бастани донишкада ҳам сабаб шуда метавонад”,-илова намуд ӯ.

Искандаршоҳ Умаров мегӯяд, духтарон дар интихоби ранги курта ва рӯмол соҳибихтиёранд, танҳо агар ранги он сиёҳ набошад. Вай таъкид кард, онҳо ҳамчунин тасмим доранд, бо зару зевар ва пойафзоли пошнабаланд ба дарсҳо ҳозир шудани муҳасилинро манъ созанд.

Ба омори расмӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон наздики 400 бону таҳсил мекунад.
Мӯҳр
Бигзор Донишкаадаро банданд , донишкадаи Исломие ки тавони аз як арзиши исломи дифо карданро надошта бошад бо тамоми устодонаш банданаш.

бандаи худо
як бора динтонамро. милли кунед мухтарам усто .дини оташбараси

nabi farhor
Эй бародарон ин худаш чи гап.Мо дар давлати демократи зиндаги дорем.Таракиёти давлат мехохем.Мо дигар проблема надорем,ки боз хамон руймолу,риш.Даруни шахрда аз танбашавии мошинхо дилтанг шудем,як сохтопони пули махалаи 46-ум ро бинед.Наход то ин дарача.

Бародар Умаров ман намефахмам шумо дар кадом донишгох карор доред о шумо вакте дар донишгохи исломи фаъолият мекунед ман хайронам чи тавр ин суханро мегуед о сатр дар ислом ин факат як руймол ба сар кардан нест балки тамоми баданро гайр аз дастону руй дигар хамачо сатр мебошад шумо чигуна мегует руймол аз пуш баста шавад? яъне гардан кушода бошад!!
Ва инчунин урф ва фаханги милли дар ислом кабул аст то вактеки мувофик ба фармудахои худо бошад.

мехмон
Устодони мухтарам, дини мубини Ислом ба ягон миллат мансубият надорад ва мусалмон миллат надорад !!!
Вакте ки Шумо аз Ислом ва аз номи Ислом гап мезанед камтар андеша кунед. Ислом худ яке аз динхое хаст ки имруз тез пахн шуда истодааст. Масехиён ру ба дини мо овардаанд !! Мо кучо рафта истодаем???!!!
Дар Куръони карим тамоми масъалахо навишта шудааст. Хатто чи хел хамхобаги кардан !!! Наход тарзи либоспуши набошад ??? Мо худ тарчумаи точикиашро мехонем . Ба гуфти баъзе аз ,, олимон" Куръонро бояд араби хонем набошад тарчумавиаш маънояшро дигар мекунад. Инро чи хели фахмем ???

Сарфароз
Вокеан хам ранги сиёх моли гур аст, на дунявй. Ман намедонам хамон сатр чй медода бошад? Агар дониш дихад мардхо низ мепушанд, аммо афсус, ки садхо сол пушиданд чизе надод. Дониш омузед, духтарои ширин...

Демократия дар ТЧК - номи фарзандатро метавони озодона аз руйхати номхои милли интихоб куни, агар мувофикат накард, шаходатномаи таваллуд намегири... Дар интихоби либос хам ихтиёр дори ба гайр аз либосхои ба фарханги мо бегона, масалан мини юбка, кастюму брюк аз замони Сомониён ба мо мерос мондааст озодона пушида гаштан гир... рафту бо ягон ришдор сухбат карди дар руйхати бачахакои амният ба тарзи автомати...
Ин демократия танхо ба хамин масъалахои хаёт нигаронида шуда бошад?! Рушди иктисоду сатхи зиндагию сифати таълиму... г.хо чи гунох дошта бошанд ки ин демократияи мо ба онхо тамоман ахамият намедиханд?! Заранее аз КУМИТАИ ЗАБОН УЗР, инсон бехато намешавад ку...

Демократия дар ТЧК - номи фарзандатро метавони озодона аз руйхати номхои милли интихоб куни, агар мувофикат накард, шаходатномаи таваллуд намегири... Дар интихоби либос хам ихтиёр дори ба гайр аз либосхои ба фарханги мо бегона, масалан мини юбка, кастюму брюк аз замони Сомониён ба мо мерос мондааст озодона пушида гаштан гир... рафту бо ягон ришдор сухбат карди дар руйхати бачахакои амният ба тарзи автомати...
Ин демократия танхо ба хамин масъалахои хаёт нигаронида шуда бошад?! Рушди иктисоду сатхи зиндагию сифати таълиму... г.хо чи гунох дошта бошанд ки ин демократияи мо ба онхо тамоман ахамият намедиханд?! Заранее аз КУМИТАИ ЗАБОН УЗР, инсон бехато намешавад ку...

Бародар устоди донишгохи исломи!!! Сатри аврати зан дар куръон маълум шудааст, ки зан бояд кадом андомхои худро сатр пушонад. Вакте ба гуфти шумо руймол аз пушт баста шавад, пас гардану андоми синахои зан маълум мемонад, ки дикати асосиро ин андомхои зан ба худ чалб мекунад. Шумо ба хотиру чой ва маъош шуда гуфтаи Худоро дигар мекунед, оё наметарсед аз газаби Худо? Аз гузаштагонамон шунидаем, ки Куръони шарифро касе дигар карда наметавонад. Оё шумо гуфтахои куръонро магар дигар карда метавонед? Хамин кирдори шумо ва фатвохои шумо мардумро аз мулохо дилсард карда ва баъзе одамони эмонашон сустро аз дин дилсард кардааст. Аз худо битарсед, ки рискдиханда у аст на хукумат. Агар донишкадаро банданд, пас риски шуморо Худо аз дигар чо медихад. Агар шумо ба хотири кути лоямут кушиш карда ва фатвохои ба хукумат макулро дихед, пас зуд аст, ки дар газаби Худо гирифтор мешавед. Худованд бузург аст.

Ахмад
Бастан донишкадаро бастан гиранд, ба мо чи лозим донишкадаи исломии бидуни ислом.

Таваччух кунед ба гуфтахои Искандаршоҳ Умаров, ноиби ректор. "Бстастани рӯмол бошад, бояд ба ҷониби пӯшт баста шавад, на бо зери манаҳ". Наход хаминхам проблема бошад, фаркияти ин хамаги дар 10 сантиметр ивазкардани сари руймол мебошад.
Сухани Искандаршоҳ Умаров, ноиби ректор. "Бархе донишҷӯдухтарони мо либоси поёни худро аврупоӣ ва болоро сатр мекунанд"
О, чаноби Искандаршо шумо либосхои поини донишчуёнро аз кучо мебинед?! ё... коратон факат тамошо ха! Охир онхо перохани дароз мепушанд ку! Ха ту балоча кори дигар надори! ба либоси зан нигох мекуни.
Шармандаги дигарон ба кайхон баромаданду харуз як ихтирои нав мекунанд, мо бошем хануз дар бораи либос гап мезанем. Илтимос! тафаккури мардумро ба хаминчизх банд науннед. Монед касе чизе мехохад пушад. Ин хукуки уст....

Реалист
Маро ба каъри чаханнам бибар худои араб,
Ба шарти он ки наояд дар он садои араб.
Маро бихишт чи хочат ки зодаи ишкам,
Бихишти хуриву гилмон бувад сазои араб.
Хазор нанг туро бод гар намефахми
Ба чуз каломи пур аз кахру инхинои араб
Худои ман хама ишк асту бениёзи калом,
На он Худо ки хаме сар дихад салои араб
Худои ишку мухаббат ки хонааш дили мост,
На мубталои алифбо на мубталои араб
Худои ман ки Худои дилй, ба ишк касам,
Ки механам бирахони ту аз балои араб.

Муминов Асхоб
Монен бандануш. Ин донишгох ба номи Исломасту ьа коми дигарон. Ман хамин донишгохро хатм кардам. Асло дарс надорад танхо дунболи либоспушиву кутох мондан е намондани риш мегардан. Аз буданаш набуданш бехтар аст.

ооо
дарс нашавад чаро 5 сол ДИТ на хонди???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)