Бахшҳо
21 апр 2016 17:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кӣ бояд чанд андоз супорад?: Аз носфурӯшу сароянда то таксисту масъули ҳоҷатхона (НАРХНОМА)

Вазорати молия ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти сатҳи таваррум дар соли гузашта, нархи патентро барои тамоми намудҳои фаъолият дар кишвар барои соли 2016 ҳудуди 5 дарсад боло бурдаанд.

Бар асоси нархномаи нав, ки аз моҳи феврали соли равон мавриди амал қарор гирифтааст, арзиши патент барои соли 2016 дар Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

ФУРӮШИ МОЛҲОИ НИЁЗИ МАРДУМ

1 Фурӯши яхмос, маҳсулоти қаннодӣ, асал, ҳама гуна шириниҳо, самбӯса, биринҷ ва меваи хушк -- 158 сомонӣ;
2. Фурӯши мева, аз ҷумла ситрусӣ, инчунин тарбуз, харбуза ва каду -- 123 сомонӣ;
3. Фурӯши сабзавоти тару тоза, туршонидашуда, маҳсулоти ширӣ, тухм, гиёҳҳои худрӯи шифобахш, донаи офтобпараст ва зира -- 88 сомонӣ;
4. Фурӯши нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, квас, оби газнок, дӯғоб, чой ва ғулингоб -- 105 сомонӣ;
5. Фурӯши нос -- 281 сомонӣ;
6. Фурӯши ғайристатсионарии нон, кулча ва маҳсулоти нонӣ, фурӯши патароқи ҷуворимакка ва биринҷ -- 70 сомонӣ;
7. Фурӯши равған, моҳӣ (дар ҳама намуд), парранда ва ҳайвоноти хонагӣ, хӯрока ва қафасҳо барои онҳо, лавозимоти моҳигирӣ -- 105 сомонӣ;
8. Фурӯши қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти барқӣ дар растаҳо -- 234 сомонӣ;
9. Фурӯши ғайристатсионарии молҳои омехтаи ниёзи мардум ва маҳсулоти хӯрока дар растаҳо, аз ҷумла: - дар растаи то 1м -- 70 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 1м то 2м - 139 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 2м то 3м - 210 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 3м то 4 м - 246 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 4м, вале на зиёда аз 20м барои ҳар 1м зиёдатӣ - 36 сомонӣ;
10. Фурӯши молҳои омехта дар нуқтаҳо ва биноҳои алоҳидаи статсионарии то 8м2: - шаҳри Душанбе -351 сомонӣ, - шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯргонтеппа ва Кӯлоб - 281 сомонӣ, - марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 177 сомонӣ, - берун аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 139 сомонӣ;
11. Фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ), гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, зарфҳои чӯбини миллӣ ва маҳсулоти ба онҳо монанд, маҳсулоти кулолӣ, танӯрсозӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарпӯш ва маҳсулоти мӯина - 105 сомонӣ;
12. Фурӯши маҳсулоти канселярӣ ва бозичаҳои кӯдакона, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда -- 105 сомонӣ;
13. Фурӯши махсулоти кишоварзӣ: - дар растаи то 2м - 105 сомонӣ, - дар растаи аз 2м то 4м - 139 сомонӣ;
14. Фурӯши ангишт ва ҳезум (ғайристатсионарӣ) - 105 сомонӣ;
15. Омода кардан ва (ё) фурӯши таомҳо бе ҷои нишаст ва берун аз биноҳои статсионарӣ - 70 сомонӣ;
16. Фурӯши гулҳои тару тоза -- 281 сомонӣ;
17. Фурӯши маҳсулот аз пластмасса, гулҳои сунъӣ, маҳсулот аз полиэтилен ва коғаз -- 88 сомонӣ;

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ НАҚЛИЁТӢ

18. Кашонидани мусофирон ба воситаи нақлиёти автомобилии сабукрав -- 105 сомонӣ;
19. Кашонидани мусофирон ба воситаи микроавтобусҳо -- 177 сомонӣ;
20. Кашонидани мусофирон ба воситаи автобусҳо -- 139 сомонӣ;
21. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш то 3 тонна ва эвакуаторҳо -- 139 сомонӣ;
22. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 3 то 5 тонна -- 177 сомонӣ;
23. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 5 то 20 тонна - 281 сомонӣ;
24. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш зиёда аз 20 тонна - 703 сомонӣ;
25. Кашонидани маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, семент ва бетон ба воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда -- 351 сомонӣ;
26. Кашонидани борҳо бо трактор -- 70 сомонӣ;
27. Кашонидани борҳо ба воситаи мотороллерҳо -- 42 сомонӣ;

ДИГАР НАМУДИ ХИЗМАТРАСОНИҲО:

28. Шудгор ва коркарди замин бо техникаи кишоварзӣ -- 177 сомонӣ;
29. Кӯфтан ва ҷамъоварии зироатҳои ғалладона бо техникаи кишоварзӣ ва хизматрасониҳои осиёбӣ -- 105 сомонӣ;
30. Сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо -- 633 сомонӣ;
31. Ба иҷора додани либоси тӯёна (ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) -- 515 сомонӣ;
32. Навозандагӣ, рақкосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо –- 139 сомонӣ;
33. Истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо -- 210 сомонӣ;
34. Банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ -- 105 сомонӣ;
35. Хизматрасониҳои сантехникӣ, электрикӣ, суратгирии берун аз бино, фаъолияти дӯзандагӣ, косметикӣ, сартарошӣ, хизматрасониҳои таълимӣ - репетиторӣ. Барқдиҳии аккумуляторҳо, дӯхтани ҷилдҳо барои воситаҳои нақлиёт -- 139 сомонӣ;
36. Таъмир, вулканизатсия ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, нусхагирӣ, таъмири асбобҳои мусиқӣ, корҳои оҳангарии асбобҳои рӯзғор (ба истиснои истеҳсоли дарвоза, тиреза ва панҷара) - 281 сомонӣ;
37. Чаронидани чорво - 53 сомонӣ;
38. Таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизмати миёнаравӣ дар бозор (даллолӣ), бахия кардани маҳсулоти қолинӣ, хизматрасонии тарозу, тез кардани корду асбобҳо, телефони кӯчагӣ, тайёр намудани калидҳо - 71 сомонӣ;
39. Хизматрасонӣ оид ба иҷрои корҳо дар хонаҳо. Нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон - 53 сомонӣ;
40. Муқовакунии ҳуҷҷатҳо - 71 сомонӣ;
41. Хизматрасонии боркашонҳо дар фурудгоҳи ҳавоӣ, истгоҳи роҳи оҳан ва терминал - 56 сомонӣ;
42. Ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок - 211 сомонӣ;
43. Хизматрасонӣ оид ба мубодилаи асъор дар нуқтаҳои махсусгардонидашудаи статсионарӣ - 528 сомонӣ;
44. Хизматрасонии экскаватор ва кранҳои борбардор - 351 сомонӣ;
45. Таъмири маҳсулоти ҷавоҳирот - 211 сомонӣ;
46. Корҳои ҳаккокӣ, кандакорӣ, таъмири соат, телефон, зарф ва техникаи маишӣ - 105 сомонӣ;
47. Корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ - 139 сомонӣ;
48. Фаъолияти байторӣ - 139 сомонӣ;
49. Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ, наққошӣ - 105 сомонӣ.
Мӯҳр
Bokhtar
50. Korgaroni davlati ???????

озодагон ин барои 1 мох йо 1 сол?

Шахбоз
Маоши коргарони андоз чан сомони бошад ва мошинхои онхо чанд долар $$$$ бошад! Инро хам зикр мекарданд мефахмидем а бародарон:?? Хуб мешуд..

ном
Ду-се чиз аз хавотир баромадаст аз хад бисёр кашидани оксиген,дар як руз аз 999метр зиёд рох гаштан, дар як руз аз 33 маротиба кам гуфтану накардани шукронаи ин давлат, дар як мох зиёда аз 1,5 бор наздик шудани зану шавхар, сер фарзанди барои истифодаи рушноии офтоб,.....

Анушервони одил рузе бо навкаронаш ба шикор баромаду ва сайдеро шикор кард. Вакто, ки хостан сайдро пухта бо хам бихуранд, маълум шуд, ки онхо хамрох намак надоранд. Шох Анушервон 2- нафарро барои дарёфти намак ба дехаи наздиктарин фиристод. Вакто, ки ин 2-нафар азми рафтан карданд, Анушервон онхоро боз ба назди худ даъват карду гуфт. Намакро аз раъият бо нархи гарон харед. Ин 2- нафар баъди таъкиди шох ачаб карданду гуфтанд. Шохам намак он кадар арзише надорад, ки боиси чунин таъкид бошад ва уро метавон бе пул дар ёфт намуд. Анушервони Одил дар чавоб чунин посух дод. Пайдоиши зулм низ саравал андаке буд ва харкас омаду афзунаш кард, ки раъият боиси зулму тахкири калон гашт ва бечораю камбагал гашт. Шумо бар мардум зулм накунед ва намакро аз онхо бо нархи кимат харед.... Дар кишвари мо факат афзун кардани нархи андоз ба чашм мерасад. Ягон бор надидам, ки хукумат нархи ё андоз ё хизматрасониро арзон кунад, Харсол афзунаш мекунанд. Магар ин афзункуни раъиятро ба камбагалию бечораги намебарад? Аз кирдори Анушервони Одил тачриба гиред.

Фархори
Ин нарххоро мебини гуё маош дар Точикистон аз 5000 сомони то 25000 сомони бошад. Бо хами нархотон Точикистон хечгох ба пеш намеравад. Пешвои Миллат корхонаро мекушояд, баъди 3 мох корхона ру ба муфлисшави меравад. Раиси корхонаро мепурси чаро инхел шуд, дар чавоб мегуяд АЗ ДАСТИ АНДОЗА.

Аз шумо кормандони очонсии иттилоотии "ОЗОДАГОН" эхтиромона хохиш менамоем,ки дар бораи нархи андози замини наздихавлиги, андози заминхои кишоварзи (лалми ва оби) андози манзилхои истикомати (дар дехот) ва андоз аз маош (каблан 13% мукаррар буд) маълумот пешниход мекардед хеле шод мешудем.

Икбол
Бародарон касе ки китоби Джанни Родари Чиполлино-ро нахондааст дар хурди, маслихат медихам ки бихонад.

Патент ба забони точики чи мешавад?

мехмон
Андози зиёд ! Аз хад зиёд !!!!! Ин дар мамлакате ки иктисодиёт дар замин хаст рост намеояд. Бояд ахолиро дастгири кард на ин ки горат. Нонфуруш аз норасои нон мефурушад ва аз 100 нон 1 ё 3 нон фоида , дуюнимтаашро гиред нимто !!! Бо 4 фарзанд ва бе шавхар бо ними нон дар як руз !!!
Инро аз як бевазани нонфуруш фахмидам. Боз хакки бозор ва чекчини бозор. Боз , барои тозагии бозор пул чамъ мекунанд.

Зери хизматрасонихои наклиети банди 18 105 сомонаи гуфта шудааст, лекин дар асл ман 126 сомони месупорам. Шояд кормандони кумитак андоз ба ман чавоб медодаанд Чаро чинун аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)