Бахшҳо

Нигина баъди ҷанҷол бо ҳамзисташ худро назди ҷойи кори ӯ оташ задааст

Як зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо истифода аз бензин худро дар Душанбе оташ задааст.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса соати 18:50-и шоми дирӯз, 21 апрел дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ, далели худсӯзии Нигина Маҳмадалиеваи 30-соларо “рашк” ва “ҷангу ҷанҷол” бо ҳамзисташ Мансур Сафарзода, як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе гуфтааст. ВУД мегӯяд, Нигина худро дар наздикии ҷойи кори ҳамзисташ оташ задааст: “Кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон Маҳмадалиева Нигинаро аз марг наҷот доданд”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ин зан бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтаи бадан дар Беморхонаи №3 бистарӣ гардида, саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.
Мӯҳр
nabi farhor
Худкуши харом аст.Надонистани рукнхои исломи баъзе аз шахрвандон худро ба катл мерасонанд.Яке худро дар об гарк мекунад,дигаре халковез,сеюмин оташ мезанад.Чи магар дигар занхои точик проблема надоран.Эй хохарон бародарон,бо сабр бошед.Як матал аст,зиндаги пастию баланди дорад.

Вафо
Ачоиб,хамзист чи маъно дорад оилааш ё маъшукааш агар озодагон хаминро шарх медоданд.,ягон коргари калон бошад чояи корашро дарч накарден

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)