Бахшҳо

Парасту Айдаршо: Мехоҳам бо Шоҳрух Хон ҳамкорӣ кунам

Таҳияе филми сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ бо ҳунарманди саршиноси ҳинд -- Шоҳрух Хон аз орзуҳои як ҷавондухтари тоҷики муқими Амрикост. Парасту Айдаршо фориғутаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва донишҷӯи Академияи филмсозии Ню-Йорк дар шаҳр Лос Анҷелеси Калифорния дар як суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” дар бораи сабабҳои рӯ оварданаш ба синамо, нақшаҳои оянда ва ҳадафҳояш гуфт.


Озодагон: Нахуст бигӯед, ки чӣ гуна ба Амрико рафтед ва ба Академияи синамои Ню-Йорк роҳ ёфтед?

Парасту:
Барои идомаи таҳсил қариб панҷ бор талош кардам, ки Ҳиндустон биравам, аммо муваффақ нашудам. Баъдан дар озмуни “Беҳтарин бизнес-план миёни ҷавондухтарон” иштирок ва ғолиб шудам. Ин роҳи маро ба Амрико ҳамвор кард. Академияи синамои Ню-Йорк яке аз донишгоҳҳои беҳтарин дар заминаи филмсозӣ мебошад. Ман аз кӯдакӣ орзӯи филмсоз шуданро доштам ва талош кардам, шонси худамро бисанҷам. Дархостномаи донишгоҳро пур кардаву дар қадами дуюм бо масъулини он тавассути интернет мусоҳиба доштам. Як нуқтаи ҷолибро бояд қайд кунам, ки сенария ва ҳикояҳои замони кӯдакӣ навиштаамро ҳамчун корҳои амалӣ дар ихтиёри маъмурони донишгоҳ гузоштам. Ва бахт ба рӯям хандид!

Озодагон: Шумо дар Тоҷикистон риштаи рӯзноманигориро хатм кардаед. Чаро мехоҳед филмсоз шавед?

Парасту:
Аз таҳсил дар риштаи рӯзноманигорӣ хело шодам. Маҳз маҳорати рӯзноманигорӣ буд, ки дар ҷойҳои кор кардаам ба ман кумак мекард. Дар ҳамаи озмунҳое, ки иштирок доштам барои ҳадафрас шудани фикр ва суханҳоям аз малакаи рӯзноманигорӣ истифода мекардам. Дар мавриди чаро мехоҳам филмсоз шавам, наметавонам танҳо ба як сабаб ишора кунам. Зеро вақте ки шахс як чиз ё як касро воқеан дӯст бидорад, онро на бо як сабаб, қисмат ва ё як тараф, балки бо тамоми буду набуд ва ҷанбаҳои манфиву мусбаташ азиз медорад. Ман ҳам ба олами синамо бо ҳамин нигоҳ аз овони кӯдакӣ менигаристам. Бо тамоми рангорангиаш бароям ҷолиб буд ва ба худ меандешидам, ки оё ин чиз аз дастам меояд ё на? Худамро ҳамчун моҳие дар як ҳавзи кӯчак, вале дар орзӯи баҳри беканор эҳсос мекардам. Муҳимтар аз ҳама намехоҳам ҳангоми пирӣ худамро бо суолҳои: “Агар зиндагӣ аз нав шурӯъ мешуд” ё “Агар дубора 18-сола мешудам” азоб биҳидам. Яъне, тамоми талошамро мекунам, ки дар зиндагиам “агар” камтар бошад. Барои расидан ба чизе аз лаҳзаи пайдо шудани он дар зеҳн бояд даст ба кор шуд.

Озодагон: Ба назар мерасад дар роҳи расидан ба орзӯи худ хеле пурэнержӣ ворид шудаед. Агар аз муваффақ шудан суол кунем, чӣ мегӯед?

Парасту:
Ҳоло наметавонам дар бораи муваффақ шуданам чизе бигӯям. Ба ин маънӣ, ки дар зиндагӣ гардишҳои ғайриинтизор зиёданд ва метавонад ногаҳон тамоми маҷрои ҳаётро комилан тағйир диҳанд. Аммо дар роҳи расидан ба ҳадафҳоям бо гомҳои устувор қадам мезанам ва аз имконоти Амрико истифодаи ҳаддиаксарӣ (максималӣ) мекунам. Ба ин хотир, аз то ба ин ҷо расиданам шод ва розӣ ҳастам.

Озодагон: Ба ғайр аз таҳсил боз ба чӣ кор машғулед?

Парасту:
Бо маҷалла ва студиёҳои эрониёни Амрико, ки бо эҷоди намоҳанг (видеоклип)-ҳо машғуланд, ҳамкорӣ мекунам.

Озодагон: Дар Амрико ибораи “американ дрим“ (орзӯи амрикоӣ) хеле роиҷ аст. Они шумо чӣ аст?

Парасту Айдаршо: Мехоҳам бо Шоҳрух Хон ҳамкорӣ кунамПарасту:
Азбаски филмсоз шудан мехоҳам “американ дрими”-и ман офаридани як филм аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Донишгоҳи ман дар маркази Ҳолливуд ва студияҳои филмофарие чун “Warner Brothers” ва “Universal Studio” ҷойгир аст. Аз ин рӯ фикр мекунам, чунин мавқеият барои расидан ба ин орзӯ хеле кумак мекунад. Хушбахтона ҳамроҳ бо ҳамдарсҳоям ду филми кутоҳро дар “Universal Studio”, ки ҳамчун кори амалӣ буданд, ба навор гирифтем. Аз натиҷаи корам он қадар қаноатманд нестам, вале таҷрибае, ки аз он гирифтам хеле омӯзанда буд. Орзӯи дигарам ин аст, ки дар олами коргардонӣ ва филмофарӣ ба сатҳе бирасам, ки бо Шоҳрух Хон, ситораи маъруфи Болливуд ҳамкорӣ кунам.

Озодагон: Чаро маҳз Шоҳрух Хон?

Парасту:
Ба назари ман ӯ аз миёни ҳунармандони дигари олами синамои Ҳиндустон ҳирфаитар (профессионал) мебошад. Тавассути нақшҳои худ ба дили бинандаи филм роҳ меёбад ва ба ӯ боварӣ мебахшад.

Озодагон: Яъне, он панҷ боре ҳам ки талоши рафтан ба Ҳиндустон доштед, қадамҳое расидан ба ин орзӯ буданд?

Парасту:
Бале, дуруст мегӯед.

Озодагон: Бо кори филмсозони Тоҷикистон ошноӣ доред? Аз нигоҳи Шумо он дар чӣ сатҳ қарор дорад?

Парасту:
Албатта, ошноӣ дорам. Тӯли се сол дар синамобазми “Дидор” корҳои волонтёрӣ мекардам. Он замон тақрибан бо ҳамаи филмозони Тоҷикистон ва корҳояшон ошно шудам. Фикр мекунам, ҳанӯз баҳогузорӣ кардани ман ба корҳои филмсозони Тоҷикистон барвақт аст. Аммо як чиз хеле аён аст. Бисёр филмсозонро медонам, ки идея ва маҳорати хуб, вале шароит ва маблағ надоранд. Филмсозони дигаре ҳам ҳастанд, ки дастгирии молиявии хуб доранд, аммо маҳорати хуби филмофарӣ на. Барои ҳамин филмҳои хуб ҳам дорему филмҳое ҳам, ки филм гуфтанашон душвор аст. Таҷрибаи ҷаҳонии филмсозӣ нишон додааст, ки дар канори идеяи хуб маблағи кофӣ яке аз ҷанбаҳои калидии як филми босифат аст. Дар Амрико студияҳо ва шахсони дигаре, ки филмсозонро дастгирии молиявӣ мекунанд, боварӣ доранд, ки баъди намоиши он маблағи сарфкардаро барқарор мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон, мутаассифона фарҳанги ба синамо ва театр рафтан чандон ҷоуфтода нест. Барои ҳамин маблағгузорӣ ва дастгирии филмсозон кам дида мешавад.

Озодагон: Аз театр гуфтед. Ҳарчанд заминаи кори Шумо синамо хоҳад буд, вале ҷо дорад, ки дар бораи тасмими аз байн бурдани 2 театр дар Тоҷикистон бипурсам...

Парасту:
Ман ҳам ба монанди дигар сокинони Душанбе ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон хеле мутаассифам. Дар ҷаҳон таҷриба шудааст, ки чеҳраи таърихии маркази шаҳр ҳифз мешавад. Корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бояд дар гирду атрофи шаҳр бунёд шаванд. Агар аз дидгоҳи филмозӣ ҳам нигоҳ кунем, мебинем ки будани ҳамин биноҳо хеле лозим аст. Масалан, онҳоро метавон пас аз 60-70 сол барои ба навор гирифтани филмҳои замони Шӯравӣ истифода кард.

Озодагон: Дар Амрико устодону ҳамдарсиҳои Шумо аз Тоҷикистон чӣ медонанд?

Парасту:
Теъдоди хеле кам аз Тоҷикистон медонанд. Бaъзе aз онҳо ҳатто номи Тоҷикистонро дуруст талаффуз карда наметавонанд. Ҳамин чиз моро водор мекунад, ки барои муарифӣ кардани фарҳанги кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ талош кунем.

Озодагон: Барои ин кор кадом талоши ибтидоӣ рӯи даст ҳаст?

Парасту Айдаршо: Мехоҳам бо Шоҳрух Хон ҳамкорӣ кунамПарасту:
Бале. Тасмим гирифтаам, ки тобистони соли оянда ба Тоҷикистон омада, филми аввалини худро навор бигирам. Филмнома омода аст, вале ҷанбаҳои дигаре ҳастанд, ки барои анҷом доданашон вақт мехоҳад.

Озодагон: Барои расидан ба тамоми ҳадафҳоятон барор мехоҳем ва ҷузъиёти филмро барои суҳбати дигар мегузорем.

Парасту:
Ташаккур ва барор!

Суҳбати Сайф Сафар
Мӯҳр
Ману
Мебахшеду, кати хами ду театр дар бади мардум задед!!!! Ду театрро аз байн намебаранд! Ки гуфт ин гапро? Бинохояшонро нав мекунанд!!!! Ба хамин аклатон намегирад? Як руз менависед, ки таърихи бой дорем гуфта лоф мезанем аз ин чи суд, ки имруз зиндагии олидарача надорему, барои ду бинои 80-90-сола ин кадар худатонро задаву кушта истодаед. О монед ба хами бахона бинои нав созан барои хунармандони онхо. Я кам шароитхо хуб шаванд. Хеч намефахмам хами Шуморо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)