Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:33

Ҷангиёни ДИИШ аз ВМКБ: 1 нафар аз Шуғнон боқӣ аз Ванҷ

26 апрел 2016, 14:21

Аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳудуди 25 нафар ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Ин нукта зимни конфронс дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» дар Бадахшон таъкид шуд.

Тибқи иттилоияи расмӣ Дороб Асозода, додситони вилояти Бадахшон сабаби гаравидани ҷавонон ба “ДИИШ”-ро надоштани саводи динӣ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон Ислом дини сулҳхоҳу оромтабиат аст ва аз рӯзи пайдоиши худ инсонҳоро ба ваҳдату тавҳид даъват намудааст.

Қаблан додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз ВМКБ дар сафи “ДИИШ” 26 нафар меҷанганд. Зимни конфронс дар Бадахшон низ ҳузури беш аз 20 нафар аз ин вилоят дар ҷангҳои хориҷӣ тасдиқ гардидааст. Намояндагони мақомот таъкид кардаанд, ки миёни ҷангиёни “ДИИШ” аз ВМКБ як нафар аз ноҳияи Шуғнон буда, дигарон зодаи ноҳияи Ванҷ мебошанд ва аксарияташон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ифротӣ шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи гузашта эълон карда буд, ки дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд. Ӯ афзуд, аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
38 кас аз ВМКБ ки 37 нафарашон зодаи н.Ванч ва бисёриашон аз Язгуломи Ванчанд. Лаънат ба хар 37 то.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадахшониён ва исмоилиён як бори дигар исбот карданд, ки хохони сулху собот ва якпорчагии Милли Точикистонанд! Офарин, веродар!
Посух додан
  • Умед

  • 26 апрел 2016 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр хуб мебуд агар ному насаби пурра ва аз кадом сурога буданашон мегуфтанд . Он вакт зидди гаравиш хама бо бовари мубориза мебурданд. Ин хел бе далели конеъкунанда, шубха пайдо мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!