Бахшҳо
11 ноя 2011 06:11Хабарҳои ҷаҳон

Андӣ 11/11/11/11:11:11-ро 17 сол мунтазир буд

Имрӯз, дар санаи таърихие, ки аз 12 «ЯК» ё худ 11/11/11/11:11:11 иборат аст, дар Лос Анҷелоси Амрико шоҳи мусиқии попи Шарқ дар сини 55 солагӣ аввалин маротиба арусӣ мекунад.


Андӣ Мададиён аз ситораҳои саршиноси олами шоу бизнес дар миёни хонандаҳои эронизабони муқими Амрикост. Фаъолияти касбияшро солҳои 80-уми қарни сипаришуда дар гурӯҳи «Kouros» оғоз кардааст. Андӣ бо ин гурӯҳ  чор албоми муштарак дорад. «Хостгорӣ» (1985), «Парвоз» (1988), «Бало» (1990), «Падруд» (1991). Аммо муваффақияти аслии ӯ замоне оғоз шуд, ки мустақилона фаъолият намуд. То соли 2007 ҳудуди 14 албомашро мунташир намуд. Дар ин миён чандин таронаи дигар ҳамроҳ бо «Kouros» иҷро намуд ва даҳҳо суруди дигар бо овозхонҳои мухталиф, ки вориди албомҳо нашудаанд.

Андӣ бо номи духтарони зиёде суруд хондааст, ки  «Лайлӣ», «Нилуфар» ва «Омина» аз маъруфтарини онҳоянд. Аммо бо исми Шанӣ, нафаре, ки бо ӯ арусӣ мекунад, то ҳол таронае иҷро накардааст. Шояд аз ин ба баъд дар репертуари Андӣ таронаҳое, ки онҷо калимаи Шанӣ аст, зиёд мешаванд. Андӣ гуфтааст, ки муҳаббати онҳо бо Шанӣ таърихи 17 сола дорад.

Сомонаи Kodoom.com аз Андӣ суол кардааст, ки бештар дар таронаҳояш «Духтари эронӣ»-ро васф мекард, чӣ гуна иттифоқ афтодааст, ки бо амрикоидухтаре издивоҷ мекунад. Андӣ дар посух бо табассум гуфтааст, ки  «Давоми 17 сол Шани «эронии  ҳақиқӣ» шудааст, маро дӯст медорад, фарҳанг, мусиқӣ, ғизоҳои эрониро меписандад. Аз сӯи дигар муҳаббат марзҳои милливу мазҳабиро намешиносад. Ман 18 сол аст, ки Шаниро мешиносам ва наздики 17 сол ба ӯ муҳаббат дорам».

-Ҳамин тавр мо тӯли солҳои зиёд мисли як ҷуфт зиндагӣ доштем, ду саг ва се аспамонро нигоҳубин мекардем. Барои издивоҷи мо на мушкилоти миллию мазҳабӣ, балки марги бемаҳали бибии Шанӣ, маризиҳои бардавоми ӯ, ҳалокати ду саги мо сабабгор гаштанд. Мо фикр кардем, никоҳ ва тӯйи расмӣ метавонад раванди зиндагии моро нерӯи тоза ва раванди нав мебахшад, барои ҳаводорону пайвандонамон боз як хушии дигар меорад,-гуфтааст Андӣ.

Маврид ба тазаккур аст, ки Шани, амрикоидухтаре  аз иёлоти Канзаси ИМА  аст. Ӯ солҳои мадид паҳлӯи Андӣ қарор дорад ва шарики эҷодияш маҳсуб мегардад. Дар чандин таронаҳо Шани бо Андӣ ҳамовоз шудааст, ки «Саломи ошиқона», «Фурудгоҳ», «Оле» аз шумули онҳоянд. Ин ду нафарро мусиқӣ бо ҳам пайванд кард. Ба ҷуз аз таронасароӣ ва барномаҳои консертиву савтӣ Андӣ ва Шани дар синамо низ якҷоя нақш офаридаанд.

Иттилои бештар зери ин линк маҳфуз аст: https://www.ozodagon.com/sa/item/2750

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)