Бахшҳо

Баҳси ҷонибдорон ва мухолифони “Набарди бидуни қоида”: “Беҳтарин варзиш барои тарбияи мардонагӣ” ё “сагҷанг”?

Нашри як навор аз сабқати ММА ё “Набарди бидуни қоида” дар шабакаи иҷтимоӣ, ки ду ҳариф сарӯ рӯи ҳамдигарро бо зарби мушт хуншор мекунанд, баҳси доғеро дар бахши тоҷикии Фейсбук ба вуҷуд овард.

Муҳаммадрозиқ Неъматов, масъули гуруҳи “Tajik sport” бо нашри ин видео суол гузошт, ки “Оё мешавад ММА (бои без правил)-ро варзиш номид? Шарҳнависон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки ҷонибдорӣ ин навъи варзишанд ва касоне ки иддао доранд, набояд онро варзиш гуфт. Алъон теъдоди дувумиҳо бештар аст. Субҳон Муҳаммадюсуф, як аъзои гуруҳ ин варзишро ба “Сагҷанг” монанд кардаву Саъдӣ онро “варзиши ҳаром” ном бурдааст. Умед Ҷайҳонӣ менависад, “ин ҷангҳо варзиш нестанд, ҷанг ҳастанд ки онҳоро ҳунарҳои размӣ меноманд”. Неъматулло Акбаров: “Ин як навъ ҷанги гладиаторӣ аст. Ҷойе, ки инсонҳо ҳамчун махлуқи табиъӣ масоф мекунанд”. Аммо Муҳиддин Муминов гуфта, ки онро мешавад варзиш номид, вале бояд тағйири куллӣ дар қоида ва низоми ин навъи рақобат ворид карда шавад. Азизхоҷа Хошоков таъкид кардааст, вақте номаш ҷанги бидуни қоида бошад, бенизому беқонуну қоида мешавад. Эмомалӣ Раҳматов низ дар тақвияти ин суханҳо таъкид карда: “Беҳтарин намуди варзиш барои тарбияи мардонагиву ҷасорат аст”. Шуҳрат Қобилов ба андешаи онҳое, ки гуфтаанд, он варзиш нест, розӣ нашудаву даъво кардааст, “ин 100% варзиш аст, на ҷанг!”. Ӯ дар шарҳи ин мавқеаш навиштааст: “Дар ҳама гуна варзишҳои муҳорибавӣ, чун бокс, муай-тай, дзюдо, самбо ва ғайра низ чунин ва аз ин ҳам бадтар ҷароҳатро дидан мумкин аст! Онҳое, ки ба варзиш буданаш шубҳа доранд, як бор ба муносибати рақибон баъд аз муҳориба нигаред!” Дар посух ба ин иддао Неъматулло Акбаров менависад, куфту калахт дар ҳама намуди варзиш (ҳатто тенис ҳам) ҳаст: “Аммо ин ҷо гап сари риъояи оини ҷавонмардӣ ва баъзе меъёрҳои ахлоқӣ меравад. Дар варзишҳои мушту лагатзанӣ (ударные виды спорта) ба монанди: муай-тай,кикбоксинг, тхэквондо, навъҳои каратэ (гуҷю-ру, шотакан, кёкушинкан, кудо, вушу-санда ва ғ.) зарбаҳо ба ҳариф дар ҳоли қомат (в стойке) исобат мекунанд ва вақто ҳариф сахт лат хурд ё аз по дарафтод, ӯро дигар пой намезананд. Дар куштии миллӣ, ҷудо, самбо, ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, греплинг, панкратион ҳариф бидуни мушту лагаткорӣ аз по дарафтонида мешавад. Варзишкор мумкин аст, ҷароҳат бардорад, ягон узваш осеб бинад, аммо аз дидани ин саҳна тамошогар (бо шумули хешу ақрабои варзишкор) дилхун намешавад. Ҳатто дар самбои размӣ, ки низ то ҷое "миксфайт" ба ҳисоб меравад, шлем-сарпӯши ҳифозатӣ истифода мешавад. Ё вақти дарддиҳии ҳариф дар рӯи фарш сонияҳои камро дарбар мегирад (ва айни ҳамин дар кудо-ву сейкен-сюбу ҳаст)”.

Ӯ дар идома менапвисад, вале дар ММА куфтану дарддиҳии ҳариф то "бас" гуфтани ӯ идома мекунад: “Ҳатто баъзан мебинем, ки размкори беинсоф аз сустии довар сӯйистифода карда чанд сония бештар ҳарифашро ба марг наздик мекунад. Бартарии ММА дар он аст, ки размкор ҳунари худро ҳам дар қомат (в стойке) ва ҳам дар фарш (в партере) нишон медиҳад. Яъне гуфтан мехоҳад, ки ӯ ҷанговраи мутлақ (мушту лагаткор+куштигир) аст. Ба қавле ҳам дар муқобили "ударник"-ҳо ва ҳам "партер"-чиҳо баробар ҳарф мезанад. Тренери ММА роҳат метавонад шогирдашро мутмаин созад, ки аз ӯ як "мошинаи унверсалии ҷангӣ" тайёр мекунад. Аммо ин масъала ҳам ҷои баҳс дорад. Зеро "ҳамакораҳо" на ҳамеша муваффақ будаанд”.

Мӯҳр
Бародарон, варзиш, яъне обутоб додани бадан ва ё энергияе, ки дар бадан аст, онро хорич кардан аст, на ин ки дар худ парвариш кардани хиссиётхои хайвоние, ки аз он - аз дидани хун ва ё азхуш рафтани инсоне, кайфият бурдан. Албатта ин хиссётхоро дар тули таърих (ба монади чанги гладеатори) инсонхо ба вучуд овардаанд, аммо мо ба гуфте инсонхои "асри 21" акламонро ба кор барем, ки барои парвариши чисми инсони ва рухи у чи лозим аст. Ман варзишро дуст медорам, аммо аз кучактарин варзиши осебрасонанда ба зоти инсони ва генафони он безорам.

Мусофир
Ин варзиш нест,балки тахкир аст нисбат ба рисолати инсони!

Ин варзиш нест,балки тахкир аст ба рисолати инсони!

Dev
Мусофир,
Risolati insoni in arobakash budan ast? Tahkir shunidanu ravshanu jumshud nom giriftan ast?

ин варзиш аст инчо чои мардоне хаст ки онхо дар хакикат зуру нотарс хастанд инхо аз гладиятордам зуранд мо чавонон бояд ки хаминхел чассуру но тарс бошем ман худам мухлиси ин нав варзиш хастам зинда бод шербачахои точике ки номи милати моро парчами давлати моро бо ин намуди варзиш боло мебардоран аз сарояндагиву ракосагида хазор маротиба боло аст

братан
Ин албатта варзиш аст. Чунки ракобати инсон барои чисмони албата варзиш мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)