Натиҷаи ташхиси “парастори қотил”-ро махфӣ нигоҳ медоранд
Ташхиси равонии Гулчеҳра Бобоқулова, як шаҳрванди Узбакистон, ки дар қатли кӯдаки 4-сола муттаҳам мешавад, дар Институти
психиатрии ба номи Сербск анҷом шудааст.
Манобеи “Комсомолская правда” аз Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо гуфтааст, рӯзи гузашта ин дояро ба бемористони касалиҳои руҳии назди
СИЗО №2-и “Бутирка” овардаанд: “Натиҷаи ташхисро ҳоло махфӣ нигоҳ медоранд. Аммо ба эҳтимоли зиёд маълумот дар бораи бемории руҳии ӯ тасдиқ шудааст”.
Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи кӯдакеро дар даст дошт. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад.
Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасоси Сурия аз Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |