Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 март 2017, 13:06

Баъди қарзхоҳии Нуралиев: Эълони 3 шарти ХБА ба ҳукумати Тоҷикистон

28 апрел 2016, 13:59

Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) эълон кардааст, барои омӯзиши роҳҳои эҳтимолии кумаку қарздиҳӣ ба Тоҷикистон ҳафтаҳои наздик як ҳайати кориро ба Душанбе равон хоҳад кард.

Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” иттилоъ додааст, ки дар пайи бозгашти дастаҷамъии муҳоҷирон ва коҳиши нархи алюминийу пахта вазъи иқтисодии Тоҷикистон бад шудааст. Ӯ афзудааст, агар Тоҷикистон аз ХБА кӯмаку қарзро интизор аст, бояд чораҳои ҷиддии сиёсӣ ва сохториро амалӣ кунад.

Ба суол, ки Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон қаблан дар бораи эҳтимоли ҷалби 500 миллион доллар суҳбат карда буд, оқои Аҳмад посух додааст, ки барои баёни ҳаҷми қарзи эҳтимолии ХБА ба Тоҷикистон ҳанӯз барвақт аст.

Ин мақоми Хазинаи байналмилалии асъор изҳор доштааст, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.

Дар мавриди он ки оё ба ҷои иҷрои шартҳои ХБА ҳукумати Тоҷикистон боз қарзгирӣ аз Чинро авлотар намедонад, Масъуд Аҳмад изҳор доштаст, мақомоти тоҷик барои ҳалли масоили гузоштаи ХБА ҳавасмандияшонро баён доштаанд.

“Financial Times” зимни суолгузорӣ инчунин ба қазияи баҳсбарангези соли 2008-ум ишора кардааст, ки он замон маълум шуд, Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани қарз дар бораи ҳаҷми захираҳояш ба ХБА маълумоти дурӯғ пешниҳод кардааст. Масъуд Аҳмад дар посух ба ин суол изҳор дошта, мехоҳад корро аз ҷое оғоз кунад, ки феълан дар он қарор дорад, на дар бораи таърих ташвиш бикашад.

Сафари ҳайати корӣ ва шартгузориҳои ХБА дар ҳолеянд, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз эҳтимоли ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор хабар дода буд. Оқои Нуралиев он замон аз пайомади хуби чораандешиҳои мақомоти Тоҷикистон дар низоми бонкӣ суҳбат кард, аммо масъулини ХБА мегӯянд, иқдомоти мақомоти тоҷик бояд бозбинӣ шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Соро

  • 28 апрел 2016 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта, нимакаш барои хонадони Пешво.
Посух додан
  • salim

  • 28 апрел 2016 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
карзро гирифти муттахамаш мешави ва чизе ки гуяд кардан мегири
Посух додан
  • Самариддин

  • 28 апрел 2016 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дигар илоч надорем. Шартхоро бояд ичро кард. Вагарна мардум бе маош мемонад. Окибаташро фикр кардан даркор...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!