Бахшҳо

Масъули раёсати фатво: Тоҷикистон “Дорулислом” аст, зеро Эмомалӣ Раҳмон намоз мехонад, рӯза медорад...

Масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аз мавҷудияти руҳониёне хабар дод, ки бо доштани собиқаи бештар аз даҳсолаи имом-хатибӣ дар бораи мазҳаби Ҳанафӣ маълумоти кофӣ надоранд.

Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси ин раёсат имрӯз, 29 апрел аснои мавъизаи қабл аз хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо зикри ин нукта гуфт, зимни имтиҳони имом-хатибон бархеҳо ба фарқи “Дорулислом” аз “Дорулкуфр” нарафтаанд: “Вақте ун мазҳаби худашро намедонад, чӣ гуна метавонад мардумро ҷалб кунад”,-суол гузошт ӯ.

Оқои Сангалиев яке аз далелҳои аслии гаравидани ҷавонон ба равияву ҳаракатҳои мухталифро “фаҳмонида натавонистани асли мазҳаби ҳанафӣ” арзёбӣ кард. Ин масъули раёсати фатвогуфт, “имрӯз ҷавонони ҷиҳодӣ аз асли Ислом бехабар аз пеши худ дар шабакаҳои интернетӣ фатво мебароранд, ки давлатҳои Мовароуннаҳр, аз қабили Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғайра, ки бо давлатҳои Аврупо ҳамкорӣ мекунанд, ба гуруҳи давлатҳои “Дорулкуфр” шомиланд”.

Ӯ таъкид кард, бо боварӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон давлати “Дорулислом” аст, зеро дар асоси санадҳо “Дорулислом” давлатҳоеро мехонанд, ки раҳбарии онро мусалмон бар уҳда дорад: “Алҳамдулиллоҳ раҳбари мо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намоз мехонад, рӯза медорад, чандин маротиба зиёрати Хонаи Худо кардааст”.
Мӯҳр
Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси ин раёсат имрӯз, 22 апрел аснои мавъизаи қабл аз хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо зикри ин нукта гуфт, зимни имтиҳони имом-хатибон бархеҳо ба фарқи “Дорулислом” аз “Дорулкуфр” нарафтаанд: “Вақте ун мазҳаби худашро намедонад, чӣ гуна метавонад мардумро ҷалб кунад”,-суол гузошт ӯ. АКАИ ОЗОДАГОН ХАМИ МЕГУМ ХАБАРА САРОСЕМА МЕНАВИСЕН, КИ МАБОДО ОЗОДИ АЗ ШУМО ПЕШТАР НАНАВИСАД? О ИМРУЗ 29-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2016 КАНИ ЯК ЧОП КУНЕД "ТЕМБОЛЕ " ШУМО ПЕШСАФ

Салим
Бисёрхам дорулисломаст сахт хандонди домло

ба Некруз гуфтаниям бо ин кашфиёти бузургат хеле хизмати хуб карди бо илми зиёду ақлу дониши васеат ту як хатогии бузургро ки аз тарафи Озодагон ба чоп баромад ёфти қоил илмати ҳамая ҳайратба монондим аммо хандаовар охир вақти чоп хатогиҳои техникиҳам шуда меистад темболи ин хатогии бузургҳам нест.ман баъзе одамҳова ҳайрон мешам бисёр хатогиҳои бузурги болохонадорҳоя мебинад ҷим мешинад овозаш намебурод аммо масъалаи одия бинад ранги чегичан ба ҳқҷум мегузарад..кани Озодагон пешсафия аз дас надода як сухани муаллимам чоп кун.

Асри 21
Ин хел калимахоро мисли дорулислому дорулкуфру дорулчиходу дорулкабиру доруссалому инхоро дар Точикистон бояд манъ кард ва чурм донист ин Японияву Германия хамин вожахову амин тафаккурот набуд ки ба он дарачахо расиданд як санчида бинем чи мардуми азизи точик хамин тафаккурро як 50-60 сол канор гузорему аз пайи гузаштагони худ мисли Хайём, Сино Рози дар пайи илму акл ва хирад бошем ин хел гапхора дар гирди сандали бо модаркалону падаркалон нишаста сухбат кунем куча ки буромадем чои чамъияти аст аз ин иборахои анархисти ва арехисти истифода набарем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)