Ронандаи “БМВ” дар Суғд панҷ нафарро пахш кардааст
Як ронандаи 35-сола бо мошини “БМВ”-аш дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд панҷ пиёдагардро пахш кардааст.
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, ин ҳодиса соати 16:30-и 4 майи дар сероҳаи кӯчаи Аминҷон Шукуҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат аз сӯи ронанда ба вуқӯъ пайвастааст: “Мошин ба самти муқобили ҳаракат баромада, ин пиёдагардонро, ки дар канори чапи роҳ меистоданд, пахш намудаст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ду пиёдагард – яке дусола ва дигарӣ 53-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се тани дигар - 2 зану як мард дар беморхона бистарӣ шудаанд: “Оиди ин ҳодиса бо моддаи 212, қ.3-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |