9600 евро ҷаримаи марде, ки мусалмононро “ҳайвон” номид
Додгоҳи Олмон бунёдгузори ҳаракати зидиисломии “Пегида”-ро барои ҳарфҳои носазо нисбат ба пайравони дини Ислом 9600 евро ҷарима бастааст.
Лутс Бахман ахиран дар Facebook мусалмононро “ҳайвон” ва “ахлот” номида буд. Додгоҳ гуфтааст, ин ҳарфҳо нисбат ба гурезаҳо ва дар маҷмӯъ мусалмонҳо ҳисси бадбинии қавмӣ ва нажодпарастиро таҳрик медиҳад. Тафтишот барои ӯ 7 моҳи маҳбас дархост карда буд, аммо додрас ӯро танҳо ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст.
Расонаҳои ғарбӣ менависанд, бунёдгузори “Пегида” дар гузашта барои чанд ҷурм, монанди дуздӣ, паҳн кардани маводи мухаддир ва рондани мошин дар ҳолати мастӣ доғи судӣ гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |