Бахшҳо
05 май 2016 10:57Тоҷикистон / Муҳоҷир

Дар Маскав ба муҳоҷирони тоҷик аз раъйпурсӣ ба Сарқонун гуфтанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоте бо муҳоҷирони тоҷик зарурати тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро шарҳ додаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот чоршанбеи 4 май дар Маркази савдои “Москва”-и Маскав баргузор шуд: “Дар ин вохӯрӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки барои чӣ раъй медиҳанд? Инчунин маълумот дода шуд, ки дар кадом маконҳо дар ҳудуди Русия имкони раъй доданро доранд”.

Оқои Бахтӣ мегӯяд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, 3 нуктаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав (бинои сафорат), Уфа (Консулгарии генералӣ) ва Екатеринбург (Консулгарии генералӣ) таъсис мешавад.

Раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳудуди 40 моддаи Сарқонун рӯзи 22 майи соли равон дар назар аст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон моҳи апрел шакли бюллетени раъйпурсӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро тасдиқ кард. Тибқи иттилои КМИР, дар бюллетени овоздиҳӣ матни лоиҳаи қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда чоп мегардад: “Баъди матни лоиҳаи қарор барои мардум суол гузошта мешавад, ки оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед? Дар пайи суол ду тарзи ҷавоб - "ҲА" ва "НЕ" чоп карда мешаванд”.
Мӯҳр
Ин садовод не мебахшед инчо Торг.центр Москва
Исло кунед ки шарманда мещед

"Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки барои чӣ раъй медиҳанд?".
Оё вокеан фахмонида бошанд, ки онхо барои чи ё ки раъй медиханд? Кани Озодагон як пурсиш гузаронед ва аз мардум бипурсед, ки онхо барои чи раъй медиханд? Ба назарам агар натичаи пурсишро чоп кунед, хеле оли мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)