Бахшҳо
05 май 2016 12:14Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Э.Раҳмон: Вазъи мураккабу пуртазод тӯлонӣ хоҳад буд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5 май Кохи афсарони Вазорати мудофиаи кишварро, ки бо харҷи 19 миллион доллар кӯмаки Чин аз ҷониби худи чиниҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бино аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он асосан толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, утоқҳои маҳси бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгир аст: “Дар қабати якуми бинои Кохи афсарон ошхона, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, дар ошёнаҳои дуюму сеюм меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон, китобхонаҳои электронӣ ва дар ошёнаҳои чоруму панҷум маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар марказҳои фароғатӣ сохта шудааст. Дар маҷмуъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити лозима мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад”. Манбаъ афзуд, дар Кохи афсарон 70 нафар кадрҳои бомаҳорат, донандагони забонҳои хориҷӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар назди афсарон изҳор доштааст, ки бидуни донишҳои муосири ҳарбӣ, аз худ кардани технологияҳои навтарин, интизоми намунавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа кори басо душвор мебошад: “Бинобар ин, ба роҳбарону масъулини мақомоти низомии кишвар супориш дода мешавад, ки корҳои тарбиявию сиёсиро дар миёни ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат ҷоннок карда, хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, риояи интизоми қатъӣ, такмили малакаву маҳорати касбӣ ва омодабошии доимии ҷангӣ тарбия намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки вазъи ниҳоят мураккаб ва пуртазоду пурихтилофи ҷаҳони имрӯза ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба чун ойина равшан аст ва тибқи таҳлилҳои мутахассисону коршиносон чунин вазъ тӯлонӣ хоҳад буд: “Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи кишвар бовар дорам, ки ҳайати шахсӣ ва хизматчиёни ҳарбиву кормандони сохторҳои низомӣ, пеш аз ҳама, Вазорати мудофиаи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо ҳушёриву зиракӣ ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд ва ҳамчун ҳомиёни боэътимод вазифаи муқаддаси худро барои ҳифзи Тоҷикистони озоду сулҳпарвар ва дастовардҳои истиқлолият – неъмати бузургтарин дар ҳаёти халқи тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҷавонмардона иҷро менамоянд”.

Инчунин раисиҷумҳур имрӯз дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои нави 15 ошёнаро ифтитоҳ намуд, ки 108 манзили як ва ду ҳуҷрагӣ дорад. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ин бино зиёда аз 100 нафар корманди сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҷумла намояндагони Вазоратҳои адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва қушунҳои сархадӣ бо манзили зист таъмин мешаванд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)