Бахшҳо
05 май 2016 16:51Хабарҳои ҷаҳон

Доналд Трамп номзади ягонаи ҷумҳурихоҳони ИМА

Ҷон Кейсик, раиси иёлати Оҳайои ИМА аз рақобатҳои президентӣ хориҷ шуд. Телевизиони CNN мегӯяд, ӯ номзадиашро аз интихоботи ибтидоии ҳизби ҷумҳурихоҳон пас мегирад.

Манбаъ мегӯяд, Кейсик дар фурсатҳои наздик ин тасмимашро расман эълон хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Тед Круз, номзади дигари ҷумҳурихоҳон
Баъди нокомӣ дар интихоботи ибтидоӣ дар иёлати Индиана аз идомаи сабқат даст кашид. Ба ин тартиб, миллиардер Доналд Трамп номзади ягона дар интихоботи ибтидоии Ҳизби ҷумҳурихоҳон гардид.

Тасмими ниҳоиро дар мавриди пешниҳод кардани номзадии Доналд Трамп ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон анҷумани миллии ин ҳизб мегирад, ки моҳи июл баргузор хоҳад шуд. Барои пуштибонии бечунучарои анҷуман Трамп ба 1237 раъйи вакилони он эҳтиёҷ дорад. Ин миллиардер баъди пирӯзӣ дар Индиана соҳиби 1053 райъ шуд.

Доналд Трамп бо изҳоротҳои пурсарусадояш ном баровардааст. Ӯ моҳи декабри соли сипаришуда зимни яке аз суханрониҳояш гуфт, то замоне ки мақомот вазъи феълии ИМА-ро дақиқан баррасӣ карда натавонанд, бояд вуруди мусалмонон ба кишвар ба таври қатъӣ манъ шавад. Ба иддаои вай, мамнӯияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, дар ин кишвар чӣ мегузарад. Ин изҳороти вай бо вокуниши шадид рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла, Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи сафед гуфт, ин гуна пешниҳодҳо Трампро "бадном" ва аз ҳаққи президент шудан маҳрум мекунанд. Эрнест афзуд, тӯли ин моҳҳо маъракаи таблиғоти пешазинтихоботии Трамп “ҷевони чанггирифтаи таърих”-ро ба ёд меорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)