Бахшҳо

28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи хизматрасониҳоро барои мавсими Ҳаҷ-2016 муайян кардааст.

Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод имрӯз, 6 май ба “Озодагон” гуфт, арзиши хизматрасниҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ӯ, ин маблағ барои пардохти “ҳаққи чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқоматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ, хизматрасонии роҳбаладон, гуруҳи корӣ ва ҳайати табибон, суғуртаи зоирин, таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гуруҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими ҳаҷ” дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта нархи хизматрасониҳои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирамро ташкил медод.
Мӯҳр
Каъба чи мерави дилеро дарёб.... А бача хами Точиистонда расходш кнен пули хачтона.... Хар сол пули бехад калон парвозкунон бурафтан мегирад....

ахмад
нарх бо долар баланд нашавад пролема нест

Салому алекум.
Рости меган имсол аз 40-сола поин наметонан хач браванд рост аст ? Охирдар ягон чо ин хабар набаромадааст ку.Лутфан мехостм дар ин бора хар ки иттилоъе дошта бошад инчо бидихад. Саломат бошед.

Ман шахрванди чумхури точикистон ман мехохам фахмам аз сини чанд сола ичозат хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)