Бахшҳо

Худовезии муҳоҷири сеюми тоҷик дар Санкт Петербург

Мақомоти Русия аз худовезии ҷавони 18-солаи тоҷик дар партовгоҳи маҳаллаи “Новий Свет”-и Санкт Петербург хабар доданд.

Тавре расонаҳои Русия аз қавли мақомоти ин кишвар хабар додаанд, ҷасади муҳоҷири марҳуми тоҷик, ки то 19-солагияш ҳамагӣ чанд рӯзи дигар монда буд, 5 май дар партовгоҳи ноҳияи Гатчинск дарёфт шуд: “Ӯ бо истифода аз ноқили барқ худро ба дор овехтааст. Дар баданаш осори марги маҷбурӣ аён набуд ва паёми пеш аз маргро низ нагузоштааст”.

Ба иттилои манобеъ марҳум як ҳафта қабл ба маҳаллаи “Новий Свет” ба назди ҳамватанонаш омада буд.

Дар сурати тасдиқи ин хабар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, марҳум сеюмин муҳоҷири тоҷик хоҳад буд, ки давоми 1,5 моҳи охир дар Сант Петербург худро ба дор овехтааст. Охири моҳи апрел намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург аз худкушии Аминов Муҳриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1985 зодаи деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки ҷасадаш тақрибан соати 21:30 дақиқаи 26-уми апрел дар суроғаи Энгелс 129/3 дарёфт шуда буд. Аз ин пештар дар Ҳусейн Саидов, сокини 29 солаи шаҳри Душанбе дар Санкт Петербур худро ба дор овехта буд. Намояндагии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, “Саидови марҳум аз бонк қарздор будааст. Натавонистааст қарзи бонкро баргардонад ва аз ин рӯ худро ба дор овехтааст”.
Мӯҳр
Дари Чанат-ул-Фирдавс ба руят боз бошад бачачон хонаи охиратат обод гардаду бихоби хамчу наварусон то рузи киёмат! Дируз аз дехоти Кизил-аскари н.Рудаки зани 53 сохиби оилаву фарзанду набера худашро ба гирдоби дарёи элок гарк кардааст! Наход инсон мушкилии омадаро дар марг бинанд? Фардо дар охират аз ту пурсон мешаванд-чаро чунин гунохи кабираро содир карди? Вакте чавоб дихи аз мушкилии зиндаги-пас вой бар холи ту майит! Худованд халкат кардааст пас ту дар санчиши У Карор дори бояд сабрро пеша мекардиву бо тушаи пур аз гунох назди Офаридгор шармсор намерафти! Озодагон чоп кунед ва аз фарзандони ин зан рафта пурсон шавед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)