Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 21:42

ХБА шартҳояшро барои Тоҷикистон ироа кард

6 май 2016, 17:41

Вазорати молияи Тоҷикистон аз вуруди як ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор, таҳти роҳбарии Пол Рос ба Душанбе хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод 5-уми май ҳайати ХБА бо Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мулоқот карда, шартҳои густариши ҳамкориҳоро ироа кардаанд: “Пол Рос мақсади сафари ҳайати ХБА ва пешниҳоду тавсияҳои худро ба ҷониби Тоҷикистон баён кардааст”.

Қаблан Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ изҳор дошта буд, ки агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.

Сафари ҳайати корӣ ва шартгузориҳои ХБА дар ҳолеянд, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз эҳтимоли ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор хабар дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • банкир

  • 8 май 2016 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шартхо дар шаби хобатон ичро мешаванд, чунки хамаи корхонахо дар дасти авлоди мансабдорон ва ягонташро ичро намеккнанд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!