Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи атеистҳо: Мард шавад, гӯяд, ки моро ҷаноза накунед (САДО)

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, онҳое ки солҳои зиёд алайҳи дини Ислом сухан мекунанд, охири умр пушаймон шуда, тавба мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, чунин афрод ҳарчанд бо забон гапи дигар мегӯянд, аммо дар зоҳир ва дар қалбашон имон доранд. Оқои Абдулқодирзода дар посух ба саволи муаллифи барномаи “Бовар”-и Радиои Тоҷикистон, ки мепурсад, мавқеи Шумо нисбат ба маҳфили “Ҷаҳони андеша” чӣ аст, таъкид мекунад: “Ҳоло ҳамоне ки баъзе чизҳоро мегӯяд, мард шавад, эълон кунад, ки маро ҷаноза накунанд. Намегӯяд. Чаро намегӯяд? Ба хотире ки дар замираш дар қалбаш имон дорад. Дуруст, ки ба забонаш баъзе чизҳоро мегӯяд, аммо намегӯяд, ки маро ҷаноза накунед”.

Маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 дар ҳаҷми 40 саҳифа китобчаеро бо номи “Ҷаҳонбинии оянда”, ки фарогири бобе дар бораи инкори Худованд буд, нашр кард ва бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар идомаи суҳбааш меафзояд, теъдоди афроде, ки то 60-70 солагӣ дар муқобили Ислом суҳбат карда, аммо дар поёни умр бо нашри китоб узр мепурсанд ва мегӯяд хато кардаанду Худо биёмурзадашон, кам нестанд: “Даргоҳи Парвардигор васеъ аст, агар тавба кард, Худованд мебахшад”.

Порае аз суҳбати муфтӣ дар барномаи "Бовар"



Раиси Шӯрои уламо таъкид мекунад, ки ҳанӯз аз ибтидои Ислом душманҳо буданд ва ҳамеша сарзаниш карда, санг мезаданд: “Худованд ҳаргиз ба ваъдааш хилоф намекунад. Мегӯяд, мо ин Қуръонро нозил кардем, ҳифзкунандаи ин дин мо ҳастем. Дар замони Шӯравӣ дар муқобили Ислом чӣ қадар истодагарӣ карданд? Аммо мусалмон мусалмон монд. Ҳатто дар минбарҳои баланд мегуфтанд, ки Худо нест, аммо мерафтанд паси парда мегуфтанд, Худоё бубахш аз маҷбурӣ гуфтем. Вақте мефавтид, бурда ҷанозааш мекарданд”.
Мӯҳр
Рости
Ин муфти ё точик шавад ё мусалмон. илм тамоман чизи дигар аст дин тамоман чизи дигар мо кабл аз ислом хам чаноза доштем дар Зартушти набошад дар Монави буд дар Маздакия буд Дар Буддои буд дар Митрои буд охир безор карде бо як мушт харзаи араб агар ин дин он кадар сулхпарвар бошад о лашкари ислом ва муслимин бо тегу ханчар чаро ба дигар кишвархо хучумиданд ин кадар одам куштанд махсусан Умар ба Эрон Абубакр ба Бахрайн Кутайба ( дар замони Усмон) ба Хоразму Вароруд ба ин масъалахо хам рушани андозад ва ба акидахои Сино Рози Хайём Рассел хакиатхои таърихи аз замони Рустами Фаррухзоду Деваштич Виркану Муканнаъ мисол биёрад чаро кахраомнхои точик бар зидди пешвоёни ин чангиданд кахраомнхои точикро мо чи кор кунем. кани чавоб тияд гапхои ин муфти мисли харфхои хамон Кабирию Нурию Эшони Нуриддин Хочи Мирзо бо ин акида миллат сохта намешавад О Бекзода масъала ва меъёрхои аклиро баён мекунад Шумо бошед наклиро

Точик
Ин аз Темур тарафдори карда истодаст максади Чингиз аз байн бурдани ислом набуд Чингиз аслан бо як иштибохи Хоразмшох ба сарзамини мо хучум кард бо як иштибохи ахмаконаи Хоразмшохи турк. Худоро бо Аллох иштибох гирифтаи Барои чи чиноятхои исломро ва мусулмонро ва худди хазрататро намегуи.

Савол
Муфтии мухтарам шахсе дар хаёташ ягон маротиба намоз нахондааст ин шахсро чаноза кардан дуруст аст илтимос чавоб гардонед?

Шикорчи
Муфти хаки гапро гуфт!

Азроил
Дуруст аст, ки Худованд бахшанда ва мехрубонаст Чаноби Муффти аммо ту наметавони мутмаин боши ки хатокоронро Худованд мебахшад ё не!! Ин гуфтахо галат аст..
Ва зимнан дар КуръониБузург омадаст ки инкор кунандаи Худо ё бо забон ё бо калб хардухам кобили бахшиш нест (кофиранд).!!

ШАХИД
МУФТИ АГАР ВОКЕАН МУФТИ БОШАД Ё БА КАВЛИ ХУДАШ МАРД БОШАД ФАТВО СОДИР КУНАД,КИ ЧАНОЗАЙ ХАМИН ГУНА АШХОСИ АЗ ХУДО БЕ ХАБАР ВА ЗИДДИ ДИНИ ИСЛОМРО НАХОНАНД. НА ИНКИ ОНХО ХУД ГУЯНД,КИ ЧАНОЗААШОНРО НАХОНАНД........АММО ОНХОЕ,КИ ИНЧО МЕГУЯНД,КИ ПЕШ АЗ ИСЛОМ ХАМ ЧАНОЗА БУД БИГЗОР БО ХАМУН ШЕВАЙ ХУДАШОН ЭЪТИКОД ДОШТА БОШАНД

шахрванд
Безор шудем аз ин "муфти"-ю чаламулохо. Вакто ки Брежнев вафот кард коммунисти якумдарача онро поп чанозаашро хонд ва напурсид ки ту коммунисти ё аттеисти. Хамма бояд кори худро кунад, ана дар он холат олам гулистон мешавад.

Савол,
Бародари исломи агар он мард фарзияти намозро инкор накарда бошад ҷанозаи у дуруст аст фақат набояд олимон ҷанозаи уро хонанд балки як шахси оми имом шуда хонад. аммо агар аркони имон ва исломро аслан инкор кунад дар ин сурат у кофир аст ва ҷанозаи у дуруст нест ва касе уро ҷаноза мекунад гунаҳгор мешавад. Худо нигаҳбонатон бошад

Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун!

Паёмбарамону с.с дустону сахобагонашон бо фармони Худованд тегу Шамшер бардошта Эрону дигар давлатхое ки Худои Якторо намешинохтанду Модару Хохари худашонро ба зани мегирифтанд мубориза бурданду аз бе Худои начоташон доданд.Аз хизматхои Паёмбарамону с.с Абубакру Умару Усмону Аливу Халиду Хочи Мирзо Худо розист ва мохам розием.Касе ки шак дораду рози нест кофир аст ва душмани мусалмон аст.

Мусалмони пок
Мухтарам муфти, албатта чаноза шарт аст, леки агар одам дар хаётуш гунохи зиёде када боша ин чанозаат дар у дунё ягон майда фоида намена, агар одами бегунох боша бе чанозаат хам дар у чо чоааша меёбад.

Ба Точик
Аввал ин ки ба фармони Худованд нею агар бошад хам ба фармони Аллох чунки Худованд вожаест ки хамон нафароне ки ту тухмат мезани ки зану фарзандонашонро ба зани мегирифтанд нахутс онхо вожаи Худову Худовнаду Кирдигору Эзаду Додор Яздонеро истифода кардаанд инро аз сахобахо наомухтаи!? дуюм ин ки Аллох агар нозил карда бошад ба худди Расулаллох оя нозил карда буд ки у ба гайри Арабистон ба чое лашкар накашид чи магар ба ин сахобахо хам оя нозил шуда буд ки биравед зану фарзанди мардумро бардаву каниз кунеду ба Маккаву Мадина оварда фурушед ва ганимат гиред гуфта? Якбор хамчун инсон шаву савол дех ба худат ки чаро инсонхоро( агарчи у кофир бошад) хам мефурухтанд, хамфикрони ту хануз хам мекушанду мефурушанд? факат нагу ки ин гапхо ва ин амр дар китоби Аллох нест?

Muhojir
Рости,
Ба Точик,
Hastand odamoni solim, shukr. winked

55555555555
Рости ман дар бораи гуфтахои муфти сад дар сод розиям инчо як нафар фикри худро дар мавриди Гурухи ба ном давалати исломи гуфта ислмро гунхкр кардааст ин хамон атеистоан . Ман танхо як сухан мегуям хдатон хулосаи даркориро бароред. Шумо аз бетараии мардм нибат ба худ шарм намедоред. Як чизи аз хама оди шумо ба онанди одитарин олими исломи тарафдор надоред...................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)