Бахшҳо

Баҳроми Ғафурӣ: Ин бор барои бозхонии беиҷозаи сурудам шикоят мебарам (ВИДЕО)

Баҳроми Ғафурӣ, сарояндаи маъруфи попи тоҷик мегӯяд, барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани сурудаш шикоят хоҳад кард.

Ахиран, клипи таронаи “Ишқи ман”-и Баҳром дар пешниҳоди Фавод Улфат ва Тараннум Саид, хонандаҳои афғон ба интернет роҳ ёфт. Баҳром Ғафурӣ имрӯз, 11 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз он ки таронаҳояшро хонандаҳои берун аз марзи Тоҷикистон бозхонӣ мекунанд, хурсанд аст, аммо ӯро бидуни иҷоза ва ҳатто ишора накардан ба муаллифи аслии суруд нигарон кардааст: “Барои суруди як ҳунармандро сароидан бояд аз муаллиф иҷоза гирифт. Аммо онҳо на танҳо напурсиданд, балки дар клип навиштаанд, ки оҳанги суруд аз Иршод Имон. Дар ҳоле ки оҳанги сурудро ман навиштаам”.

Ӯ гуфт, ҳоло қасд дорад, аз ин ду овозхон шикоят бубарад. Таронаи “Ишқи ман”-ро бори нахуст Баҳром ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё соли 2007 дар маҳфиле ба хотири ёдбуди Муқаддас Набиева иҷро карда буд.

Клипи таронаи "Ишқи ман" дар иҷрои хонандаҳои афғон. Ин клип охирҳои моҳи феврали соли равон дар Ютуб гузошта шудааст ва то замони нашри хабар он 75 949 маротиба тамошо шудааст.



Клипи таронаи "Ишқи ман" (Ту нагу) дар иҷрои Баҳром ва Шабнам



Ин бори нахуст нест, ки Баҳром аз беиҷоза бозхонӣ шудани сурудҳояш аз сӯи сарояндаҳои афғон хабар медиҳад. Дар гузашта Валӣ ду суруди ӯ -- “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя бало”-ро копӣ карда буд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром он вақт гуфта буд, барои ин кор ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят хоҳанд бурд, аммо ин баҳс бо узрхоҳии Валӣ дар сафҳаи фейсбукаш хотима ёфт. Валӣ навишта буд: “Мутаассифона дар клипи “Духтари ҳамсоя бало”, ки ман бозхонӣ кардаам, саҳве роҳ ёфтааст, ки ба ман гӯшрас карданд. Матни ин суруд аз ҷониби Баҳром Ғафурӣ навишта шудааст ва ман онро тағйиру такмил дода ва баъд бозхонӣ кардам”.

Ӯ дар зикр нашудани номи Баҳром Ғафурӣ дар клипи "Духтари ҳамсоя бало" студияи “Avang Music”-ро муттаҳам кардааст: “Ман барои ин саҳв мехоҳам аз дӯстам узр пурсам. Ин ҷо ягон хел беэҳтиромӣ нисбати ӯ нест ва ман муътақидам, Баҳром Ғафурӣ инро медонад.”
Мӯҳр
Саъди
Акаи Бахром даркор нест шикоят. Ин ифтихори миллати Точикистон аст, ки суруди Шуморо мехонанд. Умуман мо ифтихор мекунем бо Шумо Бахроми Гафури.

Darvesh
Hama surudhoi berunaroo khudut mekhoni yagon saroyanda hej chi naguft baroi hami obrui khudro NAREZ!!!!!!

хамин судора ман точик шуда намедонам авгонода кучош маъкул шудай.Ин бахрома оханг созеш хубу шеър нисеш безебай.Шеъра нависа шоир навмса .Бе фонграма овозаш мебаромада боша.Ба фикрум як октава овозша коргардони овоз якмох рост мекуна.

Хамаи сурудхотон аз Афгонхост.Як сурудатонро хонданд хеч гап не.Сурудро аз ту бехтар хондааст.Туро факат Точикон каме мешиносанд.Ин суруд аз ту нест чаро дуруг мегуи Бахром.Ин харфро агар Садридин ё Шабнам мегуфт мезебид.

Музикант
Баҳром худ нисфи оҳанги ин сурдашро аз Мустафо Сандали турк бидуни ишора ба муаллифаш бардоштаву истифода карда буд....

Ҳамин суруде, ки Баҳром ва Шабнам хондааст, агар ба диққат тамошо кунед, дар дақиқаи 2:25 бибинед, чи гуна обруи санъати тоҷикро паст кардаанд, Бахусус Шабнамгул, бале бале дуруст мегуям -"пасту ба замин задаанд"

шахрванд
Ман хайронам дар ситоахои имрузаи точик инора кучошон ба ситора монанд бошад намедонам пойафзола мардхояшон бе наски чинса бо галтук мепушан ситоахои модашон бошанд дар акл рост намеоянд либоспушишон инхо як умр суруд медузданду боз забонашон дароз хамин суруда решаша кобем ё афгони аст ё эони акаи мухтарами даъвогар!

жора
Илохо рухи Муборакшохро шод бигардон ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)