Бахшҳо

Мулоқоти генерал бо имомхатибон: Аз ваъдаи афв то интиқод аз бетарафии уламо

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд имомхатибони шимоли кишварро ба муборизаи дастаҷамъона бо ифротгароии ҷавонон даъват кард.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Назарзода 12 май дар мулоқот бо имомхатибони Суғд изҳор доштааст, ки "дар кишвар ҳарчанд барои ибодату намозгузорӣ, гирифтани таълимоти динӣ монеае мавҷуд несту шароит фароҳам аст, вале мутаассифона гумроҳшавии сокинони минтақа то ҳанӯз дида мешавад".

Ӯ таъкид кардааст, ки “шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротии тундгаро ва пуршавии зеҳни ин тоифаи ҷавонон аз ақидаҳои гумроҳонаи бегона ба камфаъолиятиву бетарафии фаъолони ҷомеаву маҳалла ва баъзе аз уламои дин вобастагӣ дорад”. Генерали милиса афзудааст, зуҳуроти даҳшатноки терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба Исломи асил ва пок иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад: “Рақамҳои оморие, ки мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намудааст баёнгари он аст, ки таъсири ҳамин омил дар ҳудуди вилояти Суғд низ дида мешавад”.

Шариф Назарзода барои пешгирии ифротгароии ҷавонон фаъолияти дастаҷамъонаро зарур хондааст. Ӯ инчунин ба имомхатибон меъёри қонунгузории Тоҷикистонро хотиррасон кардааст, ки бар асоси он шахсоне, ки ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, гуноҳашонро иқрор мекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мақсад аз баргузории мулоқотро ҷалби қувваю имкониятҳои уламои дин барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ арзёбӣ кард. Ба иттилои манбаъ уламои дин ва имомхатибон аз нафаронеанд, ки мардум ҳамчун роҳбалад ба онҳо пайравӣ намуда эътиқоди динии худро ба ҷо меоранд.

Дар ин мулоқот инчунин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят суханронӣ карда, реша давонидани ақидаву андешаҳои ифротиву хурофотиро ба арзишҳои фарҳанги миллӣ хатар хондааст.


Мулоқоти генерал бо имомхатибон: Аз ваъдаи афв то интиқод аз бетарафии уламо

Мулоқоти генерал бо имомхатибон: Аз ваъдаи афв то интиқод аз бетарафии уламо
Мӯҳр
Ҷаноби генерал, шумо мегӯед ки дар кишвар барои ибодат ягон монеа нест барои чӣ ҷавонони зери 18соларо намегузоранд, ки ба масҷид раванд? Бастани рӯймол барои ҳар зани мусулмони аз 9 сола боло фарзи айн аст, барои чӣ шумо намегузоред ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ духтарон рӯймол банданд? Сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон ин динситезӣи ҳукумат аст. Озодагон илтимос қайчӣ назанед

"Дар кишвар барои ибодату намозгузорӣ ва гирифтани таълимоти динӣ монеае мавҷуд несту шароит фароҳам аст".
Лутфан аз хаминчо муфасалтар. Дар кишвар дар кучо кудакон метавонанд таълимоти дини гиранд?

Сугд
Охири замон шудааст як касе ки худаш намоз намехонад дар умраш сачда накардааст, имомхатибхоро насихат ва танкид мекунад. Ин аз бечорагии худи хатибон аст ки то хануз макоми худро нашинохтаанд вакте як бенамоз шуморо ин кадар тахкир мекунад шумо хак надоред пешнамоз шавед дар холе ки чуръати гап задан надоред

[b]Шохиддин[/b
О бародари азиз якумаш вактеки домулохо ва таьлимоти дини ислом зарур аст барои чомиа бигзор талимоти диниро дар мактабхо чори кунанд ва барои домулохо ичозат диханд то рафта дарс диханд, ва дуюмаш алхамдулиллох дар дар точикистон масчитхои бо шароит зиёд аст бигзор бад аз инки мактабачагон аз дарс фориг мшгаванд рафта талим гиранд лекин афсуз намемонанд.

Аз чехраи ин эмом хатибон нур меборад маълум аст ки хеле Худотарс хастанд ки дар ин мачлисхо иштирок мекунанд.Вале аз сухани хак гуфтан метарсанд.Аллох ба хамаи эмомхатибон гайрати мусалмони хакгуйро тияд.Омин ё рабал оламин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)