Бахшҳо
13 май 2016 11:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Э.Раҳмон оқибати офатҳои табииро бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 май дар мулоқот бо хонум Аннет Диксон, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот имконоти бузурги молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои хавфноки кишвари мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зикр кардаанд, ки Бонки ҷаҳонӣ тӯли 23 соли шарикӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар шароити таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонкро барои беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум муҳим ва саривақтӣ хондааст.


Акс аз фейсбук
Мӯҳр
25 сол мешавад ки мо сохиб истиклолем , наход кудрате надоштабошем ки як офати табииро худамон чуброн кунем. Доимо дастамон домани касеро бояд капад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)