Бахшҳо
14 май 2016 10:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ваъдаи Сафорат барои кӯмак ба тоҷики раҳошуда аз ғуломӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иддаои бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск, ки мақомдорони тоҷикро дар беаҳамиятӣ нисбати шаҳрванд Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович муттаҳам мекунанд, беасос хонд.

Бар асоси иттилои нашркардаи ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович, муҳоҷири тоҷик баъди раҳоияш аз ғуломӣ чанд моҳ боз дар беморхонаи шаҳрӣ қарор дорад: “Ин муҳоҷири тоҷик, ки ягон ҳуҷҷат надорад, изҳор доштааст, ки ятим аст ва ӯро ба фарзандхонӣ гирифтаанд. Ӯ гуфтааст, падархондаш Ҳилол Набиев ва модархондаш Наргиза Набиева мебошанд, ки дар шаҳри Конибодом, хиёбони Зеленая, хонаи 26 зиндагӣ мекунанд”.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ Маҳмадов бемор мебошад ва барои бозгашт ба Ватан ба шаҳодатномаи бозгашт ниёз дорад: “Аммо консулгарии Тоҷикистон чанд моҳ боз ба дархости ҳомиёни ҳуқуқ посух надодааст”.

Ҳомиёни ҳуқуқ афзудаанд, ки омодаанд роҳкирои Маҳмадовро то Санкт Петербург ё Маскав пардохт кунанду ӯро ҳамроҳӣ намоянд. Ба иттилои онҳо, нафаре, ки муҳоҷири тоҷикро дар ғуломӣ нигоҳ доштааст, феълан дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.

Дар шарҳи ин қазия Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” гуфт, аз номи шаҳрванд Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович ба Хадамоти консулии Тоҷикистон ягон муроҷиат ворид нагардидааст: “Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон барои муайян кардани масъалаи мазкур бо сардори Боздоштгоҳи нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Мурманск дар тамос шуда, муайян кардааст, ки дар махзани иттилоотии ин мақомот шаҳрванди Тоҷикистон бо чунин ному насаб ба қайд гирифта нашудааст”.

Сафорат таъкид намуд, ки Хадамоти консулӣ омодааст, дар сурати муроҷиати Маҳмадов дар зудтарин фурсат барояш шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро таҳия намояд.
Мӯҳр
хаст шахси бономусе дар мо ки ин мухочиратро барканор созад о ин чи гап аст хаааа

Гастер Шнейл
Сафорату консулгари бори дигар бемасъулиятии худро нишон доданд.
Ин бача худеш муроҷиат накардаст. Дигарҳо аз номи ӯ муроҷиат карданд.
Визаву паспорт фурӯширо бас кунед.
Барои чӣ паспортҳои муҳоҷиронро продлит намекунед.
Наход ҳукумати Тоҷикистон қонун бароварда бошад ки ҳатман ба точикони дар мухочират буда паспортҳои биометри фурухта шавад!
Мо пули ёфтамшнро патент харем? Хона фиристонем? Паспорт харем?
Ки ба доди мо мерасад?

оооо , бача пул надорад ку . Сафорати точик нест дар Маскав , ин як корхонаи хурд ки танхо ба тичорат машгул аст . Гирдобе сари точик дар Россия пеш ояд онхо танхо васоити ахбор як шарх медиханд тамом ... на сафиру дига консулгариву ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)