Бахшҳо
16 май 2016 10:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тамаъҷӯӣ аз занон: Ман милиса, пул надиҳӣ, акси урёнатро паҳн мекунам...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 29-сола, сокини шаҳри Турсунзода хабар додааст, ки дар тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунии занон муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод марди ҷавон 14-уми май боздошт гардида, дар он муттаҳам мешавад, ки тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо зани 25-сола, сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд: “Баъди дарёфти акс марди 29-сола худро корманди милитсия муаррифӣ карда, бо роҳи тамаъҷуӣ ва таҳдиди беобурӯ кардан аз зани ҷавон 1 гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии “Нокия”, ба маблағи 3300 сомониро гирифтааст”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки боздоштшуда такроран зани 25-соларо бо роҳи фиреб ба осоишгоҳи “Қаратоғ” бурда, муносибатҳои маҳрамонаашонро бо телефони мобилии худ ба навор гирифтааст: “Баъдан бо таҳдиди беобрӯ кардан аз ҷавонзан 1050-сомониро талаб кардааст”.

Мақомоти милиса мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
а
Акл ки нест расми уренашро ба марди бегона мефиристад.

Номусаки
Ин чихел зани шавхардор будааст? Тавба.
Корхои кардааш аз вохиша ҳеч ками надорад.
Бадани урёни худашро ба марди бегона нишон додааст, бо у дар курорт отдых хам кардаст. Боз чихел зан мешавад?

Дар миёни чор дарё
Натиҷаи бисту чор сол хидмати ҳукумати хирадмандона! Шогирдони мансадорону проркурорҳову судяҳо агар ин гуноҳро қабул накуни то охири умр зиндон меравӣ. ҳама имрӯз аз мансабдорҳо сар карда ба тамаъҷӯӣ машғуланд аз ин як одма чи ҷои гилла....

Дандонпизишк
О аз у бадани урёната сурат гирифта фиристодан ба марди бегона намешуд, дар хонаат монанди русхо гурба парвариш кунию баданата ба гурбачаи маккор нишон дихи. Хайвонай дар ягончо овозат накунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)