Бахшҳо

“Разбор”-и маргбор: Аз дахолати Э.Раҳмон то эълони номи саркарда (ВИДЕО)

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия Лечий Яҳёев, зодаи 42-солаи Чеченистонро саркардаи муноқишаи маргбори қабристони Хованское дониста, мавриди пайгард қарор додаанд.

Тавре расонаҳои Русия аз қавли пулиси ин кишвар хабар додаанд, Лечий Яҳёев, соли таваллудаш 1974 қайди вилояти Астраханро доштааст.

Ифшои номи саркардаи муноқишаи мусаллаҳонаи қабристони Хованское дар ҳолест, ки зимни он се сокини шаҳри Роғун - Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 кушта шуда, ҳудуди 10 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои мақомоти Русия задухӯрд дар қабристони Хованское миёни муштзӯрҳои мусаллаҳи Чеченистону Доғистон ва коргарони тоҷики қабристон рух додааст. Гуфта мешавад, ки гуруҳи қафқозиҳои бо ҳамроҳии шаҳрвандони дигари Русия аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар қабристон кор мекунанд, “ҳақпулӣ” талаб кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ин қазия дахолат карда, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, то таҳқиқи қазияро пайгирӣ кунад. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев, ҳамтои русиягияш ду бор дар тамос шуда, масъалаи таҳқиқи мунсифона ва муҷозоти гунаҳкоронро ба миён гузоштааст: “Ҷонибҳо созиш кардаанд ва бо дастури Колоколстсев Абдуғаффор Азизов, раҳбари намояндагии ВКД ва ва Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар Русия ба гуруҳи тафтишотӣ шомил шудааст”.

Муноқишаи мазкур имрӯз, 16 май дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикисон низ баррасӣ шуда, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки қазияи мазкурро зери назари худ гирифтааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, то ҳол 112 нафарро боздошт кардаанд, ки нисфе аз ин теъдод зодаи кишварҳои Осиёи Миёнаанд ва онҳоро ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Юрий Чугуев, раиси қабристони Хованское, ки тибқи иттилои "РИА Новости" барои кори бидуни иҷозатнома аз муҳоҷирин то 40 ҳазор рубл мегирифтаааст, аз мақомаш барканор гардидааст.

Дар ҳоле, ки тоҷикон дар қазияи мазкур ҷабрдидаанд, Евгений Серебренников, сенатори Шӯрои федералӣ, палатаи болоии парлумони Русия дар пайи ин қазия масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводид бо Тоҷикистонро дар миён гузоштааст. Ин сенатори рус гуфтааст: “Қонунгузории муҳоҷиратро тоза ва сангин кардан лозим аст. Мо ҳангоми қабули қонун ба таҷрибаи кишварҳои демократӣ такя мекунем, ки ин дар баъзе ҳолатҳо дуруст нест. Амнияти кишвар муҳимтар аст”. Игор Лебедев, вакили Думаи давлатӣ ва писари Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳои Русия низ дар пайи қазия бастани марзҳо ба рӯи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказиро пешниҳод намудааст.


Видеои муноқишаи Хованское





Мӯҳр
аровакаш садовод
Ма аз сахар то шаб захмат мекашем ,пули моро 50% бригадир хочи мегиранд ба у гап зада намешавад хато дашномхои кабех метияд наход хочи бошию ба сари мардуми камбалро зури куни

Буали Сино
Ба аровакаш.. агар у хочи намебуд мешуд хайрон шуд. ин муллову хочиву такаддусгарову сафсатахонхову чинпарасту маргпарастхо аз аввали таърих бо як халта харза хамеша инсониятро фиреб карда аз номи Худо гап зада тороч кардаву мекунад -хатто мекушад чандин аср боз аз бутхои араб Худо сохта инсонхоро пуст канда хар аз гохе як инсони рушанзамир ва рушанандеш пайдо шуд барои онки харзаву ёвахояшон ошкор нашавад ба куфру илходу мунофик тухмат зада

Буали Сино,
Причем ича як машеннику- хочиву муллову дигару дигар. Между прочим вай хочи-точик шумо хам точик (бо эхтимолияти калон) аз ин бармеояд, ки шумо хам мисли вай?Буали Сино,

Ризки худро аз дахони шер мебояд гирифт.О ту аробакаш гуломи тарсу -ми музди туро хочии фалшиви мегирад.Шарм намедори шикоят мекуни.Нате халос...

Душанбе
рахмат,
Шер як ВАХ бга ай тарсата дар эзорат тар мекуни. Аробакаш ки тага надора зурш ба шер намераса. 2 дона танга кор мекна хонаш рои мекна ки падару модар зану фарзанд гушна намона. Шикоят кардан ин тарсидан агар мусалмон боши инро бояд дони. У аробакаш сини шер зури кна пага мурдаша ай чангал меёбан. Руссия давлати бесохибай. Дар расия хозир хама кариб харом шидиян. барои як танга одама мекшан.

ман ҳайрон инҷа ҳоҷию домулло чи дахл дорад инҷа гунаҳкории асоси ин аз худиҳо аст.чаро мо муҳоҷир шудем барои чи мо монанди дигарҳо дар ватан кор карда наметавонам чаро аз ҳама ҳуқуқи мо паст аст.мебахшетон лаганбардорҳо камтар шармам кунетон дар вазияти ба вуҷуд омада айби ҳоҷи ё домулло нест балкии ......аёнро ҳоҷат ба баён нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)