Бахшҳо

ВИДЕО: Маъюбӣ иродаи Саодатро нашикаст

Як зани маълул аз ноҳияи Восеъ бори зиндагии оилаи иборат аз панҷ нафарро мекашад.

Саодат Хоҷаева маъюби модарзод аст. Дасти чапи ӯ ҳамагӣ 15 сантиметр буда, тамоман ҳаракат намекунад. Дасти дигараш, ки каме дарозтар аст, ВИДЕО: Маъюбӣ иродаи Саодатро нашикастҳамагӣ ду ангушт дорад. Хонум Хоҷаева, ки ҳоло 42 сол дорад, бо меҳнати худ зиндагии хонаводаашро пеш мебарад. Бо истифода аз дасти рост ва пойи чап, ки нақши дасти чапашро мебозад, ба духтани либосҳои риштаӣ, шероз, болиш ва монанди инҳо машғул аст. Ӯ пухту паз мекунад, ба кори замин машғул мешавад, либосҳои фарзандонашро иваз мекунад ва корҳои дигари хонаро анҷом медиҳад.

Саодат Хоҷаева ҳамроҳи шавҳар ва се фарзандаш, ки 12, 10 ва 3-сола ҳастанд, дар рустои Пушёни поёни ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Ҳамсараш иштирокчии ҷанги Афғонистон (1984-1986) буда, ба қавли Саодат саломатиаш хуб нест ва аз ин рӯ бекор аст.

Хабарнигори “Озодагон” ба манзили онҳо рафт ва мушоҳида намуд, ки ин хонум чӣ қадар серҳаракат аст. Ҳамеша ба коре андармон аст ва фурсати холӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, духтани либосу сӯзаниҳоро ба таври худомӯзӣ аз худ кардааст: “Ман мактаби миёна нахондаам. Дар натиҷаи худомӯзӣ ҳам савод гирифтам, ҳам касб омӯхтам”.

Хонум Хоҷаева афзуд, 7-8 сол қабл зиндагиашон хеле душвор буд: “Ҳеч гоҳ аз хотирам намеравад, ки заминҳои мардумро аз алафҳои бегона тоза мекардам, то аз гуруснагӣ намирем. Шукр, ки ҳоло он сахтиҳо пушти сар шуданд. Ҳозир зиндагиамон бад нест. Кушиш мекунам, ки фарзандонамро дуруст тарбия карда, хононам, то оянда аз онҳо ягон шахсият ба воя расад”.

Мӯҳр
Саидчон
Салом сомонаи Озодагон.
Бо хамин модар чихел дар тамос шавем?
Илтимос!

nabi farhor
Офарин ба шумо Модар.Канд занед,баъзе аз занхоро мебинем,дар сайру гашти Ш.Душанбе бовар кунед,бо ин ман-манихо кучоро мегирфта бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)