Бахшҳо

Қазияи қабристони Хованское: Боздошти корманди пешини пулис ва ҳуқуқшиноси судшуда

Додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав дар робита ба қазияи занозанӣ дар қабристони Хованское 9 нафарро боздошт кардааст. Миёни боздоштшудаҳо Никита Мошенко, корманди собиқи пулиси Маскав низ ҳаст.

Мошенко, ки устоди варзиш дар риштаи дзюдо муаррифӣ мешавад, бо ҷурми авбошӣ дастгир шудааст. Расонаҳои Русия ҳамчунин аз дастгир шудани ҳуқуқшинос Александр Бочарников, ки қаблан ҳам доғи додгоҳӣ доштааст, хабар додаанд.

Қаблан аз боздошти Юрий Чубаев, мудири пешини қабристони Хованское хабар расида буд, аммо бархе манобеъ гуфтаанд, ӯ аллакай раҳо шудааст. Чубаев, ки узви шӯрои Кумитаи тафтишотии Русия аст, гуфтааст талош намуд, ки пулисро аз ин қазия огоҳ намояд.

Дар пайи як муноқишаи хунини қабристони Хованское дар шаҳри Маскав, ки 14 май ба вуқӯъ пайваст, 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дар ин занозанӣ ҳудуди 200 нафар иштирок доштааст. 16 май Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин қазияро баррасӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, қазияро зери назари худ гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ин қазия дахолат карда, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, то таҳқиқи онро пайгирӣ кунад.
Мӯҳр
Юрмон
Агар чукуртар тафтиш карда бароянд дар байни хамлагарон точик низ хаст..ана ун точикора ба махбас кашидан лозим!!!Имруз ки ба сари хамватани худаш авбошхо ва лошахурхоро овард пагох ба сари миллати точик ягон миллати харомзодаи дигарро меорад..

Мехмон
Офарин Чаноби Оли! Шумо агар чунин дахолатро пештар мекардед бехтар буд. Чунки точик дар Руссия мавкеи худро бе дастгирии сиёсатмандорони точик намеёбад!

Darvesh
Rasul Boqiev va hamon Hojiro bisyortar zeri nazorat gired. Jiyani ma megud aybi hamon shakhson ast!!!!!!

али
Албатта тахкики онро бояд пайгири намояд вазир Рахимзода на аз паси ришу хичоби занон ва фикри ба хар як оила яктои парчам бор карданро кунад ин аст вазифаат рафик вазир .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)