Бахшҳо

Шӯрои уламо: Дуои дам (шуф) асли шаръӣ дорад

Дар ҳоле, ки бархе барои табобат, тариқи дуою тумору таштоб ба қаллобӣ муттаҳам шудаанд, Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон кардааст, ки дуои дам воқеан вуҷуд дорад.

Шӯрои уламо ба Парвиз, як корбари сомонааш, ки суол кардааст, “оё дуои дам вуҷуд дорад ё не, зеро кампирҳо дуои дам мехонанд?” чунин посух додааст: “Бародари азиз, дуои даме, ки маъмулан дар урфи диёри мо баъзе мӯйсафедон ё кампирҳо мехонанд, иборат аз ояту зикрҳо буда, ба усули шариат зиддият надорад. Дар ҳолатҳои беморӣ аз ояту зикрҳо хондан ва ба бемор дам (шуф) кардан асли шаръӣ дорад, зеро саҳобагони Расули Худо (с) чунин амалҳоро анҷом доданд ва ба назди Расули Худо (с) омада нақл карданд. Расули Худо (с) онҳоро манъ накард, балки ризоият дод”.

Шӯрои уламо ин фатворо дар такя ба китоби «Руҳул-маонӣ», ҷ.3, саҳ.137” содир кардааст.
Мӯҳр
Сокин
Ин муллохои мо дар асоси ким-кадом китобхои ба ном шаръй ва докёнусй фатво медиханд. Холо мо дар асри 21 ба сар мебарем. Ягон ихтироот лозим аст, бародарон, аз куфу суф фоида нест.

8888
Э бародари азиз агар барои шумо лозим нест накуну нарав вале ба ислом дахолат накун, ки
Задани чуби худо садо надорад.
Баъди заданаш даво надорад...........................

али
Ман хайронам аввал муфти далелро аз аходиси набави баён кард ва пас чаро боз содир кардани фатворо дар асоси "Рухул маони" номид,?магар хадиси сахех болотар аз китобхои фикхиямон нест?ё мазхаби Абуханифа дини чудогона шуд аллакай?

Маскун
Ба 8888,
Боварӣ, ки дорӣ рафта харидан гир.
Асри иттилоотту техника... муллоҳо то ҳол даъвои аз тарафи рост ё чап мондани думбаки салларо доранд.
Айби ҳукумат аст, ки ин муллоҳоро воля додаст. Ҳар кӣ худои худро парастиш карда гардад... тумору таштовбозӣ карда мегарданд....

Сорбони Ошик.Нева
Ман бачаи кишлокиам.Дар чануби Точикистон калон шудаам.Аз хурдиам,борхо дуои "дам",таштобу дегдонро дидаам.Борхо манро хондаанд.Кампирхои кишлок хам Он кампирхо зеби кампири хам доштанд.Аз фольклору аз таьриху киссахои кадими огох буданд.Калон шудем,ба хизмати харби рафтем,боз ба кишлок баргаштем.
Лекин як духтараки сабзинаи хамдехаамро сахт дуст медоштам.Харчанд махфи,ба як хели кампирхо барои "хизмат" мурочиат" мекардам,ки ягон дуои "дам", таштоб,дегдон е дуои " гарм" шуданро диханд,онхо мани ошикро аз пешашон меронданд.Ин кори шайтон аст,е астагфуруллох мегуфтанду кохиш мекарданд.Бо хамон тарзи дехоти,бо дуову "даму нафаси гарм" у сурахонихои кампирхову мусафедони рузгордида,мо обу тоб ефтем.Холо хам дар рузхои мушкили мухочирати, худ дуовк такбири хешро мехонему зиндаги менамоем.
Дар дехот ин амалхо хосанд,мехру мухаббат,хешу табори аз хамон дехахо огоз шуда,ба шахрхо мепайванданд.Ба мусафедону занхои солхурдаву кампирхо эхтироми хоса дорам.То холо хам мухточи дуои "дам" у "дегдон"у "таштоб" и онхоям.

Як бону.
Сорбони Ошик.Нева,
Сорбон,бори дигар ба "Контакт" даро,чаро кать карди?
"Шарки озод".

Бадриддин
Худованд курьон китоби мукадасамонро барои хидоят офарид .Ва дар хамон китоби курьон бар мо мефармояд ки « Ман фиристодам курьонро барои шифо бар ахли муьмин» пас медонем ки ояти курьон шифо аст пас хондани ояти курьон шифо аст бар муьминон.Дуо бошад магзи ибодат аст..Зеро пайгамбарон ба дуо мухточанд.Хондани дуо бошад чи аз ояти курьон.е касида есаловотхои пайгамбари худо рахмати худованд насибашон бод.чоиз аст.

Махмудчон
Торнамои Тurajon.org , веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо фурӯш ва харидории тумору таштоб ва оби руқяхондаро раво донистааст.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, “фурӯхтани оби руқяхонда, яъне гирифтани мол бар ивази он ҷоиз аст.” Ба навиштаи
turajon.org , ин навъи об як намуди даво мебошад.
Инчунин веб-сайти мазкур дар идома иқтибос аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ овардааст, ки фурӯши тумору таштоб низ ин ҳукмро дошта, беҳтар аз талбандагию гадоӣ мебошад: “Аз Имом Аҳмад пурсида шуд: Мардест барояш коре ҷуз таштобу теморфурӯшӣ нест, барои ин мард фурӯхтани ин чизҳо беҳтар аст ё гадоӣ кардан? Имом Аҳмад гуфтанд: фурӯхтани таштобу тумор барояш аз гадоӣ беҳтар аст."
Тurajon.org дар шарҳи ин гуфтаҳо овардааст, ки ин ҳама дар ҳоле аз нигоҳи дини Ислом раво мебошад, ки дар чаҳорчӯби шариати ин дин сурат гирифта бошад: “Албатта фурӯхтан ё харидани оби руқяхонда ба шарте ҷоиз дониста мешавад, ки дар он руқяи шаръӣ хонда ва аз ҷониби руқяхонҳои ботақво ин амал иҷро шуда бошад.”
Оби руқяхонда, оберо гӯянд, ки ба он бархе аз оят ва сураҳои Қуръону дуоҳои дар аҳодиси паёмбар (с) хонда шудааст.
Ин фатвои бародарон Тураҷонзодаҳо дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе аз афрод аз эътиқоди мардум сӯиистифода карда, бе дониши кофӣ ба дуохонию табобати мардум машғул мешаванд.

ман
Бадриддин, эй бесавод Бадрриддин, Куръон шифои магзи, ахлоки, рафтор, кирдорро дар назар дорад на куфу суфу пуфу туфу темору таштовро. шифои дар куръон омадаги ин аст, ки бояд худат куръонро бихони, дарк куни, рафтору кирдору гуфторатро куръони куни, аз дузди, рохзани, горатгари, мардумфиреби ва дигар корхои бад даст бикаши ва ана ин аст шифое, ки дар ояти куоъон омада. вакте ахлокат дуруст шуд шифоёфта хисоб мешави.
шифои ояти куръон маънои онро надорад, ки брави пеши млову куфу туфу суфт кна, ухели шифо намеёви, инора хурофот меган. аз азалаш ин муллохо оятхои куръонро ба манфияти шиками худашон истифода карданд ва хар гуна, ки хостанд тафсир кардаанд.

Одам
Баъзехо чунин менависанд, ки гуиё аз Пайгамбарамон (с.а.в) бехтар К,уръонро медониста бошанд... Агар суф куф гуфтан нодуруст мебуд, пас магар ун кас ба сахобагон ичозат медоданду унхоро манъ намекарданд?

ман
Одам,
эй ОДАМ, худат аз Бадриддинда бесаводтар будай. он чи ки дар бораи паёмбар навиштаанд, бофта, сохта ва дуруганд. аз номи паёмбар садхо хазор хадису кисаву ривояту хикояву повесту роман навиштаанд, 90 фоизаш дуруг аст, ба хамаи онхо бовару эътикод накун

Бадриддин
чавоби ман ба хамон бародаре ки ман ро хело танкид кардааст.ман савод надорам лек мегуям ки кудаке дар гахвора хаст саломатиаш бегурезад оят курон мехони худованд ба у шифо рои мекунад .е ин ки бар бемори пеш аз мурданаш Хазрати Есин мехонию дам меандози бо умед бисер бисер аст,пайгамбармона дуруд худованд ба у ва олаш бод мисли ин замон сехр гархо буданд сехр намуданд худованд бо илми кадимаш доност ба пайгамбармон сураи нос ва фалакро фиристод то ба уматони чаноб боз даркор мешавад,,,,,,,худованд нигох бонат бародар боши е хохар

Маскун,
БОВАРИ ДОРАМ СОАТЕ МЕОЯД КИ БО ДУОЮ ШУФ ЗОР МЕЗАНИ...

шахс
Баъзе мардум хамихел худашона босавод мегиранд, ки мегуй ай тамоми илм хабар доранд. Баъзе бародаро гап занан мегуй дига олимо хамиёанд. Э баъзеи бародаро хаму одамо хондагиян ягон далел доранд ки фатво меброран. Баъдан шумо чи дард дорен ки икадар ба ахли илм кор дорен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)