Бахшҳо
19 май 2016 15:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Изҳороти адвокатҳо барои кӯмак ба ҷабрдидаҳои ҷашни Ҳолӣ

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки омодааст барои иштирокдорони ҷабрдидаи ҷашни Ҳолӣ кӯмак кунад.

Ҷобир Юлдошев, масъули Эътилофи зидди шиканҷа имрӯз, 19 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ташкилоти онҳо имкон дорад ба ин гуруҳи ҷабрдида аз дасти милиса маслиҳатҳои ҳуқуқӣ диҳад: “Омодаем онҳоро бо вакили дифоъ таъмин кунем ва ҳамаи хизматрасониҳоямон ройгон мебошанд”.

Юлдошев афзуд, нафароне, ки дар ШКД-и Исмоили Сомонӣ мавриди таҳқир ё латту кӯб қарор гирифтаанд, метавонанд ба рақамҳои тариқи рақамҳои 987087676 занг зананд.

Дилрабо Самадова, узви дигари эътилоф низ эълон кардааст, ки аъзои эътилоф омодаи кӯмак ба ҷабрдидагонанд: “Корафтодаҳо метавонанд, тариқи рақамҳои 987876666, 987087676 дар тамос шаванд”.

Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шуд, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латту кӯб ва дашномдиҳии иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст.

Намояндагони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар пайи омӯзиши ин навор изҳор медоранд, ки маъмурини милиса тайи 16 дақиқаи сабт беш 25 бор боздоштшудаҳоро зада, дар навор садои 7 маъмур шунида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки баргузоркунандаҳои ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ба "Озодагон" изҳор доштанд, ки ин ҷашнро дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Вазорати корҳои дохилӣ гузарондаанд. Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, бархе аз ҷавонон, аз ҷумла ноболиғон танҳо барои он боздошт шудаанд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон раҳсипор шудаанд.
Мӯҳр
Холи-поли чи даркор? Ин духтаракои беакли таклидкора чхичи нагуй, иди бутпарастора чори мекунанд. Хубшон кардай милиса, офарин!

ба шохрух хон
Дин бояд озод бошад,милиса хак надорад шахрванди точикистонро зери шиканчаву озор карор бидихад , ту ба будпарасти хиндухо тамасхур мекуни,вале мардумро мачбур мекунед Ким кадом шахсиятро бипарастанду ба номи у касам йод кунананд ки ин хам ба хамон будпарасти мегуфтагият шабохат медихад .

Бисёр кори бад кардаанд. Дар Хиндустон худуди чанд миллион мусалмон зиндаги мекунад. Аммо ягоне аз хиндухо мусалмонхоро дар рузи чашни Иди Курбону иди Рамазон лагадкуб намекунанд. Ин чи гап аст? Магар демократия хамин аст?!!!
Албатта мусалмон вазифадор аст, ки касеро ба дини хеш даъват кунад, аммо на бо рохи зури.
Ривояте хаст, ки замоне ба хонаи хазраи Муссо алайхи салом мачусие мехмон мегардад. Вакте Мусо(А) мачуси буданашро мефахмад, аз у талаб мекунад, ки то мусалмон нашавад барояш нон нахохад дод. Мачуси бармехезад ва аз хонаи пайгомбар берун меояд. Аз Худованд нидо меояд:
Ё Муссо ту ба чи хакке бандаи маро дилозурда намуда, гурусна аз хонаат берунаш намуди. Ман уро 40 сол боз ризк медихам, аммо то хануз нагуфтаамт, ки ба дини хак даро. Ту бандаи ан, пайгомбари ман шуда, чи тавр тавонисти, ки уро бенасиб гардони.
Хазрати Мусо (а) хатогии худро фахмида, аз паси мучуси медавад ва зорааш мекунад, ки бозпас ба хонааш ояд. Мачуси мутахайир гардида мегуяд:
Охир магар ту хамоне набуди, ки маро аз дарат барои ба динни ту нагаравиданам ронди?
Муссо(А) мегуяд:
- Лутфан маро бубахш ва бозпас ба хонаам биё чун агар ту маро набахши Худовандам аз ман руй метобад...
Чанобони пулис онхо кудак хастанд, ноболиганд. Мо забони хеле зебо дорем. Мо бояд тарбиятгари насли наврас бошем, аммо Шумо бо ин амалатон кадом "намуна"-ро нишон медихед?! Боз ин хам дар холест. ки дар тамоми гушаю канори шахр табелхои хамкори бо милиса задааст! Аз боиси як ду гови.... я пода ифлос мешавад мегуянд, рост. Дар сохаи милисаи кишвар содикону сарсупурдагони кори хеш зиёдагнд аммо ин амали шумо эътикоди мардумро нисбат ба ченин одамони халолкор мегардонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)