Бахшҳо

ҲНИТ дар робита ба қазияи халабонҳои маҳкумшуда ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷик нишасти матбуотӣ баргузор мекунад

Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории Тоҷик аз қаламрави Русия бойиси нигаронӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд, шӯрои сиёсии ин ташкилоти сиёсӣ ахиран бо пахши изҳороте аз   парлумони кишвар тақозо кардааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ мавзӯи боздошту ихроҷи муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳайате аз вакилонро барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон ва ҳалли мушкили онҳо ба Русия бифиристад.ҲНИТ дар изҳороти худ боздошт ва ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи маҳкумияти ду халабони ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” амали нодуруст номидааст.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳанӯз имкони баррасии шикояти ду халабони маҳкумшуда дар додгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ин масъала дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. “Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари дӯст – Русия низ аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст мекашад”,- гуфта шудааст, дар изҳороти ҲНИТ.

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин мавзӯъ баъд аз зӯҳри имрӯз нишасти матбуотии Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ бо доираи васеи хабарнигорони ватаниву хориҷӣ дарқароргоҳи ҳизб дар назар аст   
Ёдрас менамоем, Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони як ширкати русӣ рӯзи 12 марти соли равон ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бидуни иҷоза ва бо нақзи муқаррароти ҳавонавардии Тоҷикисон дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба замин фаромаданд. Халабонҳо мегӯянд, ки аз Кобул қасди парвоз ба Русияро доштанд ва хостаанд, ки аз Қурғонтеппа  сӯзишворӣ дарёфт кунанд.
Додгоҳи Қӯрғонтеппа пас аз баррасии қазияи онҳо, рӯзи 7-уми ноябр ҳардуи ин халабонроо ба 8, 5 соли зиндон маҳкум кард, ки боиси вокуниши бесобиқа мақомот ва ҷомеаи Русия шудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)