Бахшҳо
19 май 2016 16:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Гуруҳи 30 нафарии ҷавонон ва занҳое, ки иддао доштанд, наздиконашон дар исёни Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиа кушта шудаанд, баъди зуҳри имрӯз 19 май бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро талаб карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аз соати 15:05 то 16:15 идома дошт, занҳову ҷавонон мегуфтанд, саркардаҳои исёни Ҳоҷӣ Ҳалим дар Аврупо паноҳ бурдаанд. Ба иддаои онҳо Иттиҳоди Аврупо хоинҳоеро, ки фарзандонашонро куштаанд, ҳимоят мекунад: “Бароед, ҷавоб диҳед. Хоинҳоро пуштибонӣ мекунед. Ба онҳо минбар медиҳед. Онҳо ҷанг мехоҳанд. Онҳо фарзандони моро куштаанд. Мо ҷанг намехоҳем, мо сулҳ мехоҳем. Як нафар барояд ҷавоби моро диҳад”.



Ин занҳо аз суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” ва ифшои номашон худдорӣ карданд. 10 зан бо либоси азодорӣ ҳушдор доданд, ки агар ба додашон нарасанд, ҳазорҳо занро назди дафтари Иттиҳоди Аврупо меоранд. 5 тан аз ин занҳо дар даст аксҳое доштанд, ки ба гуфтаашон аз дасти гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд. “Кабирию “Гуруҳи 24” хоинанд. Бояд онҳоро ба Тоҷикистон диҳанд, то дар назди қонун ҷавоб диҳанд”,-садо мезаданд онҳо.

Яке аз занҳои эътирозгар худро дар мобайни роҳи мошингузар ба замин партофт:



Тавре хабарнигори “Озодагон” гуфт, баъди қариб як соати ҳамоиш ягон намоянда аз Иттиҳоди Аврупо назди эътирозгарон набаромад. Ҷамъомадагон бо қатъи ҳамоиши имрӯза изҳор доштаанд, ки бо ҷалби ҷавонону занони бештар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо бармегарданд, то посухе дарёфт кунанд.

Аз ин пештар чандин бор гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории гирдиҳамоиҳо аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро талаб карда буданд. Ҷавонон аз Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ - ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” –ро ҷинояткорҳое, хондаанд, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико паноҳ ёфтанд.


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Ин митинг дар асоси камом иҷозати шаҳрдорӣ ташкил шудааст?
Мақомоти тоҷик деморатияро нишон доданӣ ми ба аврупоиҳо? Дар хотир дошта бошетон, ҷанобон, демократия аз худи ҳамонҳо омадагӣ, гашта боз бо ҳамон демократия як мезанандатон, боз то 10 соли дигар ба худ намеоед.
Акун интизор бошед, ки барои кризисатон пул метаиян ё не...ждите ответа, .... ждите ответа......, ждите ответа....... ждите ответа......

Бетараф
Инрасми занхои чамшударо мебинию хандаи кас меояд чалаи дасти ин занро бинед охир занеки шавхар ва фарзандаш мурда бошад солаш нагузашта чунин либос е чиндани кош муофик меояд? Хандаовар ! Кучаи каратегинский хама мотам дорад!

Шавкат
Ин дафъа ҳукумат ба ҳама иғвогарон руймол тақсим кардааст магар, ки ҳама руймоли якхелаи сафед доранд? Ва ё аз кадом таҷзияи бечора ҳамара ба мошин бор карда овардаанд, ки руймоли бечораҳо ҳама якхел аст.

ҳалим
бо инзанҳоро чизи ваъда доданд ё таҳдидшон карданд. чиқадар мушкилот дар тоҷикисто вуҷуд дорад аз кушта шудани муҳоҷирон дар руся ва гарони, бекори, ришва хури, маҷруҳ кардани сарбозон дар хизмат, бесаводи, ...... ва агар каси этироз кунад зуд ӯро туҳмат карда зиндон мекунанд.

вухахахаха ин чи гап э шарм нокарда ин коро ба зимаи занон бор кардетон чанд рӯз инхел нахандида будам хай палитикада

ibr
Хеле сирки бемантик.

точикистони нав
ба ин бозихо хандаи кас меояд ин

касам ба номи худо ин хама спектакил аст! инро сохтаанд ягон ин зан аз наздикони чабрдидагон нестанд!

wink wink wink Бас аст ба Худо масхарабози. Охир Итиходи Аврупо аз хамаи мову шумо нагзтар медонад вазъи дохилии кишварро.

Точик
Э намонде,ки мошин занадаш мемурд халос мешидем. Хас каму чахон пок. Хеч бовариам намеояд ки наход хукумати мо то ин дарача занмичоз шуда бошанд.

мехмон
Ин митинг ё занакчанг ! Ба Худо номи зани точикро паст задед ! Бо ин шавкуну доду вой чи масъала хал мешавад ?
Барои чи ин гуна нагмаро шахрдорон ичозат медиханд ? Агар хамин занхо барои демократия мебаромаданд аввал дар хона накшаи митинг ва рохбари онро интихоб карда шуру магали бехуда намекарданд. Бо як интизоми точикона талаби худро пеш мегузоштанд. Либосу макияж ба талабот чавобгу нест.

Пурдил
милисахои адели Исломили Сомони дар кучоан, ки намебинанд ин занони исёнгарро! Бо куртахои остинкалта ва руймоли фукпеш ШАРМАНДАХО!!!! Бас будагист масхара бози!!!!

Юсуфчон
Бо чунин спектаклхо Точикистон ро дар чашми Дунё спектакл кардан ба Худо ....хара ханда мегира бо чунин корхояшон. Зани мотамзада руша пушонда гап мезадай...

Салом бахама Ба номи Худованди Карим хамаи ин сохтакори мебошад

Бовар кунед хелло хандидам филми хуб 22 чихел филм бози мекарда бошан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)