Бахшҳо

Ҳабси думоҳаи мудири қабристон, муттаҳам дар ташкили ҳамла ба тоҷикон

Додгоҳи Пресненскийи Маскав имрӯз, 19-уми май қарор кард, ки Юрий Чабуев, раҳбари қабристони “Хованское” барои ду моҳ, то 14-уми июл ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.

Тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ Чабуев ташкилкунандаи асосии ҳамла хунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар қабристони Хованское мебошад. Бар асоси тафтишот маҳз Чабуев муштзӯрҳои чечену доғистониро алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик равона кардааст. Дар мурофиа барои ҳабси пешакии Чабуев, муффатишон ба додрас аксҳои раиси қабристонро дар лаҳзаи муноқиша пешниҳод кардаанд. Инчунин ба додрас шоҳидии маъмурини пулис ироа гардидааст, ки тибқи он Чабуев ба пулисҳо гуфтааст, барои рондани муҳоҷирони тоҷик аз қабристон чеченҳоро даъват кардааст.

Қаблан додрас дархости ҳабси пешакии Чабуевро барои камбуди далелҳо қонеъ накард. Худи Чабуев гуноҳашро рад карда, изҳор дошта буд, ки талош намуд то ба пулис хабар диҳаду муноқишаро ҷилавгирӣ намояд.

Чанд рӯз қабл додгоҳи додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав барои ҳамлаи маргбор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Александр Мережко, Артуре Хаҷиханов, Элихан Яҳёев, Никита Мошенко, собиқ корманди пулиси Маскав, Александр Бочарников, ҳуқуқшиноси ширкати “Техэнергосервис”, Вячеслав Серов, сокини бекори 32-солаи Маскав, бародарон-Маирбеку Элбек Вадуевҳо, Зелимхон Хамзатхонов, Борис Рудаков, Сергей Козлов ва Владимир Колесников ва Лечий Яҳёев, зодаи Чеченистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти тафтишоти Русия мегӯянд, афроди зикршуда вобаста ба нақшашон дар занозании Хованское дар куштори зиёда аз ду нафар, авбошӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ғайра айбдор мешаванд.


Муноқишаи маргбор дар Хованское 14 май дар пайи ҳамлаи муштзӯрҳои Русия, аз ҷумла чечену доғистониҳо ба коргарони тоҷики қабристон рух дод, ки дар натиҷа се тоҷик кушта ва беш аз 20 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ин қазия дахолат карда, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, то таҳқиқи онро пайгирӣ кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)