Бахшҳо

Раёсати нави “Тоҷиксодиротбонк”: Пардохти пулро оғоз кардем

Раҳбарияти нави “Тоҷиксодиротбонк”, ки ахиран аз ҷониби Бонки Миллӣ барои се моҳи оянда таъин шуд, эълон кардааст, ки аз имрӯз, 20-уми май пардохти маоши мизоҷонашро оғоз кардааст.

Тибқи иттилоияи раёсати “Тоҷиксодиротбонк” аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд: “Муштариён имкон доранд аз бинои асосии бонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд”.

Дар иттилоия таъкид шудааст, ки маъмурияти муваққатии Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.

Ин иқдом дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон, 18-уми май барои дастгирии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин ниҳод маъмурияти муваққатӣ таҳти роҳбарии Мирҳаёт Ёдгоровро таъин кардааст.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд, ахиран эълон карда буд, ки 50 дарсади саҳмияҳояшро барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод кардааст. Тоҷиддин Пирзода, раиси бонк, ки ҳафтаи гузашта дар Лондон қарор дошт, дар суҳбат бо нашрияи “BNE Intellinews” гуфт, дар баробари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сармоягузорони дигарро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, то маблағи бештаре ҷалб намоянду уҳдадориҳоро назди мизоҷон пурра иҷро кунем.

Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.

Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзудааст, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.
Мӯҳр
Бовари надорам ки бо иваз кардани рохбарияти ин бонк кори бонк хуб шавад. Худо накунад ки холи бонк аз ин хам бадтар нашавад... Чун ки Пирзода худ як профессори сохаи иктисод мебошад ва бонкро хуб идора мекунад... ин бонк бо пули накт ниёз дорад... тамом... гуфтаи у мардак Пирзода чи кор баде карда бошад ки "бачахои боло" чапаш гирифтаанд...

Рохбарияти муваккатии “Тоҷиксодиротбонк” баъди таъин намуданаш баромад намуд, ки ба пардохти маблагхои пасандози шахрвандон шуруъ кардааст. Аммо муштариёни филиали “Тоҷиксодиротбонк” дар шахри Кургонтеппа муддати 3 мох мешавад, ки фоизи маблагхои пасандозхояшонро гирифта натавониста истодаанд. Барои халли кор мусоидат менамудед.

Номдор
Хамин Пиров худаш хуб буд аммо.....афсуси зиёд

Муњтарам маъмури (администратори) «Озодагон» (нахустин хабаргузории хусусии тољик) агар мустаќилї ва тарафдори демократи њаќеќии пас, чаро шарњи муштариёнатро ба пуррагї чоп намекунї. Ё њаќеќат талх аст ва метарсї, мањкам мешавї, барои хизмат ба миллат ва Ватан љоннисорї мекуни ва дар таърих мемонї, вагарна њамаш ќадри як хас нест. Ман дар бораи Пиров Т. њаќеќат навиштам ва метавонам бо дилхоњ шахс бањс кунам ва аз ягон кас, ба ѓайр аз Худованд, наметарасам. Метавони ба таври пинњонї бо ман суњбат кун, ман махфииятро аз чониби худам кафолат медињам. Хоњиш мекунам чоп кун.

Кангурт
Вакте пиров будан ба кам кам пул медодан хозир аз хамунам мондем. Аз борон дар барф задем чи ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)