Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:26

Президент ин бор дар бораи ҳунари қолибофӣ китоб навишт

23 май 2016, 14:52

Китоби нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар бораи ҳунари қолибофӣ қисса мекунад.

Ин китоб “Шукуҳи осмонӣ” ном дошта, чорумин асари Бердимуҳаммадов сар аз соли 2016 аст. Китоби мазкур ба ҳунари қолибофии Туркманистон бахшида шуда, дар арафаи Иди қолӣ ба анҷом расидааст.

Расонаҳои туркманӣ дар бораи “Шукуҳи осмонӣ” навиштаанд, “ин китоб шомили андешаҳои пешвои миллат дар бораи ҳунари қолибофӣ , иттилооти арзишманди ин навъи ҳунар буда, барои мардуми туркман ва ҷамъияти китобхон туҳфаи шоиста аст”.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи январи соли равон китоби “Сарчашмаи хирад”, моҳи март китоби “Чой-дору ва илҳом” ва моҳи апрел китоби “Суръати баланди асп”-ро ба нашр расонд. “Шукуҳи осмонӣ” китоби дуввуми ӯ дар бораи ҳунари қолибофӣ мебошад. Китоби аввали Бердимуҳаммадов “Афсонаи зинда” ном дошт, ки соли 2011 нашр шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Президент ку кор намекунад. Гайри шоирию хофизи дигар вакташро ба чи сарф кунад? Магар агар у кор мекард аз кучо вакти ин кадар китобнависи меёфт? Агар у кор мекард холи мардум то ин дарача паст мешуд. Чунин милат, ки ба гуломи одат кардаанд, чунин рохбар хоханд дошт. Ман дар солхои пеш дар студентиам аз як муалимамон шунида будам, ки дар кадом дара мардуми сиёпушро аз гуломи рахо карда буданд ва онхо гашта гашта боз ба назди хочахояшон омаданд, ки онхоро боз ба гуломи гиранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин президент ба фикрам дигар олимонро амр медихад китобро нависанду боз ба номи Президент нашр кунанд , агар не аз кучо хар мох як китоб навиштанро Президент вакт меёфтаст .....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!