Бахшҳо

ВИДЕО: 100 зани хонашини ноҳияи Восеъ доирабадаст шудаанд

Давоми ду соли фаъолияти Ансамбли доиранавозони ноҳияи Восеъ теъдоди аъзоёнаш ба 100 нафар расидааст.

Ин ансабл ба гуфтаи фаъолонаш аз ҳисоби занҳои хонашин таъсис ёфта ва ҳоло аз ҳамаи ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ намоянда дорад. “Аз нишастану дигаронро ғайбату туҳмат кардан беҳтар аст, ки ҳам худамон ва ҳам дигаронро хурсанд намоем”,-мегӯянд онҳо.

Ин гуруҳ ду сол пеш дар як ҳайати маҳдуд ташкил шуда, ҳоло 100 нафарро муттаҳид кардааст. Як хонум, ки ба тозагӣ узви ансамбл шуд, гуфт, “мо аз шавқи зиёд ихтиёрӣ шомили ин гуруҳ гаштем”.

Мушкинисо, Дастагул, Фотима, Уғулой, Сайрамбӣ, Адолат ва Донагул ба қавле аз “пирони кор” ё саромадони ансабланд. Донагул Хоҷанова, яке аз аъзои фаъоли ин ансабл ба “Озодагон” гуфт, ҳадафи онҳо ин аст, ки дар маъракаҳои ҳамдигар иштирок намуда, бо рақсу суруд таъби худу дигаронро шод гардонанд. Ӯ мегӯяд, бисёре аз занҳоро намешинохт, аммо ҳоло бо ҳар кадом аъзои гуруҳ дугонаҳои ҷонӣ гаштаанд.

Ин гуруҳ на танҳо дар маъракаҳои шахсӣ, балки дар чорабиниҳои сатҳи ноҳия низ ҳунарнамоӣ мекунад. Ба қавли хонум Хоҷанова, бештари чорабиниҳои расмӣ ҳам бо иштироки онҳо мегузарад: “Шӯъбаи кор бо занҳои ноҳия моро дастгирӣ мекунад”.

Махсусияти ин гуруҳ он аст, ки танҳо доира менавозанд ва бо либосҳои милливу маҳаллӣ сурудҳои мардумӣ хонда мерақсанд. Доиранавозиро тариқи худомӯзӣ аз худ карда, ҳоло 50 нафар дар маъракаҳо дар даст доира мегиранд. Донагул Хоҷанова мегӯяд, тарҳи либосҳоро худи аъзои ансамбл таҳия мекунад: “Нақшу нигор ва сӯзаниҳое, ки барои ороиши саҳна лозиманд, низ худамон медузем. Доираҳоро ҳам худамон таҳия мекунем”.

Мӯҳр
салом
хайр дар Точикистон хар руз ид хаст барои хамин ин хел ансамблхоро зиёд кардан лозим. дигар ягон хел кор нест ку акалан дойразани кунанд ишкамашон сер мешавад.

Сорбони Ошик.Нева
Э..ээээээ..эээээ хазорон ахсану офарин!Ана,саньату мана саньат!
Бовар кунед,дар консертхои хофизоне,ки онхоро эстради мегуянду "ситорахои эстрада" ву попу примадона,боре хам ба сифати тамошобин надаромадам.На диски онхоро тамошо мекунаму на гуш мекунам..Дируз бегохи,дар хонаи маданияти ба номи Горькии шахри Санкт -Петербург,дар баромади метрои "Нарвский",каноти чапи метро.хамаги 30-35-кадам ,Шабнам баромад дошт.Писару келинам рафтанд,барои тамошо,худ нарафтам.Харчанд,ки писронам дур аз ман зиндаги мекунанду ман дар ру ба руи ин касри консертнишондихи.Мумкин,тахминан,200-22- кадам дуртар,дар ру ба ру.Хамчун духтари точику точикистони Шабнамро хурмат мекунам,лекин ба консерташ нарафтам.
..Ин занзои дойразан коил кардед.Офарин!Ба хусус Донагули бехамто!Чунон хам зебо шармаш хуснашро меафзояд.Вазорати фарханги Точикистон,дар паи он шавед,ки ин занхои точики асили дехоти,чавхари хазинаи милли мо имконияти ба хорича рафтану намоиш додани ин хунархоро дошиа бошанд. Шуморо дар шахри Санкт -Петербург интизорем.!Донагули тиллору кам нашави асло!

ХАЙ ЧО КНАН ДИГА АЗ ВЕКОРИДА ХУБАЙ ХА ХА ХА БОШАД БОШАД ХОБ МИ ХОБ МИ

Асрор
Сад мардаки дагара дамбуранавозуш кнен мешава олам гулистон ва шукри тинчию осоиштагира месароянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)