Бахшҳо

ВКД: Номи милисаҳоро намегӯем, обрӯяшон мерезад...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифшои номи 4 милиса, ки барои таҳқири иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ҷазои интизомӣ гирифтаанд, худдорӣ кард.

Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба дархости "Озодагон" барои эълони номи милисаҳое, ки ба таҳқиру латтукӯби ноболиғон даст задаанд, посухи рад доданд: "Ин афрод ҷазо гирифтанд ва хоҳиш намудаанд, ки барои нарехтани обрӯяшон миёни мардум номҳояшон эълон нашаванд".

Рӯзи 25-уми май Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти 10 рӯз аз қазияи марбут ба ҷашни рангҳо ё Ҳолӣ расман онро шарҳ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар пайи баррасии қазия як корманди пулис аз мақом барканор шуда, се тани дигар танбеҳ гирифтаанд. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, 15 майи соли равон ширкати “Дели – Дарбанд” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти “Динамо”-и ВКД дар варзишгоҳи Спитамен ҷашни Ҳолиро созмон дода, қабл аз анҷоми он “руйю мӯй ва либосҳои ҷавононро ранг карда, намуди зоҳирии онҳоро даҳшатангез намуданд”.

Ин ниҳод мегӯяд, бо вуҷуди он ки кормандони милиса онҳоро огоҳ намудаанд, ки бо чунин намуди зоҳирӣ дар кӯча ҳаракати оммавӣ накунанд, аммо баъди анҷоми ҷашнвора 40-50 наврасу ҷавон “бо сару рӯй ва либосҳои бетартибона рангкардашуда, дар ҳудуди театри “Лухтак”, хиёбони Рӯдакӣ кӯчаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳаракат карда, ба қисмати роҳи нақлиётгард баромада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд”.

Дар иттилоия омадааст, ки баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон дар мавриди “гаштугузори ҷавонони шубҳанок” 48 нафар бо шумули 31 ноболиғ ва 17 ҷавон боздошт гардида ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шудаанд: “Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва суҳбат бо волидони дастрасшудагон, онҳо ҷавоб дода шуданд. Чораҷӯӣ ва амали кормандони милитсия тибқи талаботи қонун буда, пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонист боиси ноҷӯрӣ ва бетартибӣ гардад”.

Дар идома ВКД мегӯяд, “бинобар дағалона рафтор намудани кормандони милитсия, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД, нисбати 4 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ аз ҷумла 1-нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд татбиқ карда шуд”.

ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИ ШИКАНҶА ХОСТОРИ ТАҲҚИҚИ ВОҚЕИИ ҚАЗИЯИ “ҲОЛӢ” ШУД

Шарҳи расмии ВКД дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 25 май Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостори таҳқиқи сареъ ва воқеии амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудаанд, ки иштирокдорони ҷашни “Ҳолӣ”-ро боздошт ва эҳтимолан латту кӯб кардаанд. Дар изҳорот Эътилоф аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, бино ба хабарҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони пулис беш аз 100 иштирокчии ҷашни рангҳо – Ҳолиро, ки миёнашон ноболиғон ҳам будаанд, боздошт ва дар шӯъбаи корҳои дохилӣ онҳоро дашному таҳқир кардаанд.

19 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шуд, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латту кӯб ва дашномдиҳии иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст. Ин навор сабаби баҳсу мунозираҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа эълон кард, омодааст барои ҷабрдидаҳо маслиҳати ҳуқуқӣ бидиҳад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон низ гуфт, ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардааст. Раҷабмоҳ Бадриддинова, раҳбари ин ниҳод 19 май ба “Озодагон” гуфт, ба пайгирии ин ҳодиса машғуланд. Ӯ афзуд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ирсоли муроҷиатнома унвонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостори санҷиши қазия шудааст: “Гуфтем, санҷиш гузаронанад. Асли қазияро муайян намоянд, агар нақзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад”.

Ахиран, хабар расид, ки Раёсати амнияти дохилии вазорат ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар ин ниҳод гуфт, ҳоло се нафар корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми май дар як ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани чунин як ҳодиса ҷиддан нигаронӣ карда, ба тафтиши он супориш додааст. Вазир гуфтааст, корманди милиса бояд дар чорчӯбаи қонун ва ахлоқ бо қонуншиканон рафтор кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 24 май дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба ин қазиядахолат карда, гуфтааст, дар робита ба ин мавзӯъ бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар тамос шуд ва қарор карданд, милисаҳое, ки дар ин қазия даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: “Миллисаҳои гунаҳкор ҳатман ёфт ва муҷозот мешаванд”.
Мӯҳр
Чамшед
Аз садо хамааш маълум аст дигар чи хочати тафтишу корро кашола кардан, раведу чазоаш дихед чинояткорро то ба дигар милисахои "азиз"-и мо панд шавад!!! Ё чабрдидахо хамаашон дар кайди хайётанду садои сабтшуда хаст, далел ки бошад хочати тафтишот нест

Сафо
Вакте, ки вазири ВКД шиканчаро аз "дагалона вайрон намудан" фарк намекунад ... Охир вакте милисае очаи касеро махсусан духтарро хакорат мекунад! Уро шиканча мекунад! Шапотишап мекунад! Тахдид ба тачовузаш мекунад хамин аст чавоби вазури ВКД?! Айб аст айб....

Маъруф
Наход факат танбеху аз кор сабук кардан бошад? тасаввур кунед ки хамин корро шахрванди одди нисбати милиса мекард? очашона хакорат намуда ба номусашон тахдид мекард чи мешуд? Мархамат карда аз адолат кор гиреду хамаи инхоро аз сафи милиса пеш карда чазои чинои боз намоед ва инчунин чарима кунед! Айб аст ки факат бо танбех масъаларо халл намоед. Рафтори милиса ба назари ман ба шаъну шарафи мислисаи точик халали чидди расонида обуруи онро резонд. камаш 3 соли зиндониашон бояд кунед.

Арбоб
милисае ки кудаконро шиканча карда тахдиди тачовузи нафси духтарони 13 сола шуд - бе чазо мемонад???

Обруи набуда чи хел мерезад?

Аз кадом обруй харф мезада бошанд инхо???

Правильно
Маъруф,
Бо ягон бесохиб ша пеш мекунан и все

Во ачабо! Милисахо барои хифзи обруяшон хохиш кардаанд то ному насабашонро ифшо насозанд! Агар кадру киммати хешро медонистанд-ба духтаракон чунин муносибат мекарданд? Якта ситорача ки дар сари китфашон шуд барои сафи онхоро зиёд кардан ба чи корхое кодир нестанд! Аввал шаъну шарафи мардиятро хифз намо баъд обрую эътибори надоштааштро рафик командир! Бовар кун бо ту барин бешараф чандин кормандони дигар шармсор мегарданде

изхор
Кадоме ки фарханги бегонаро таблиг мекуна дар точикистон аз инда бояд бадтар шавад офарин ба милисахо

Э,мардум шумо девона шуден бояд шабу руз ба ин милисахо рахмат гуфт.Е шумо миллати хндуед?Ин чавонои бесохиби будпараст соли оянда сафшон зиед мешад бояд пешгири кард умуман саркардаи инхоро бояд чазо дод.Зинда бошед милисахои бо ору номуси точик!

Дарвеш
Модарони Ин нафарони тахкир Шуда обу ру надоштанд ! 40-50 нафара дашному хакорат кардан мумкин номи инхора навистан мумкин нест бо ин тарбия чихел инхо сохиби обу ру шудаанд???????!!! Инхо бояд намунна бошанд то Аз инхо ибрать гиранд.

nabi farhor
Вакте,ки номи милисаи чинояткор гирифта нашавад,дигар милисахо низ хилофи конун кор р кардан мегиранд.Кадом касбе набошад бояд чазоша бинад,то ба дигарон дарси ибрат шавад.Агар не гуё мо хикоят хондем.

хакимчон
нафаре ки чунин дашномхои гушношунид мегуяд ба чавонон он хам духтароне маънои обрую номро чи мефахмад?

Чавоби дафтари матбуоти ВКД бояд ана ин хел бошад: "Бо максади хифзи оромии чомеа ва пешгири аз чазои худсаронаи эхтимоли аз чониби наздикони нафарони тахкиршуда, ВКД карор дод шахсияти кормандони чазодидаро ифшо насозад. Аз чониби худ кафолат медихем, ки онхо чазои эъломшударо гирифтанд. Хашми мардумро аз ин гуна рафтори кормандон дарк мекунем ва низ хашмгинем."

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
ОЗОДАГОН "Корхои" ё "Умури" чихеле хохи менависи ба фикрам матнхо "капироват виставинт" мешад аз аввал то охира хон

Вақте кудаконро мезаданду дашном медоданд фикр намекардан, Фикр накардан ки онҳо ҳам обру доранд? Боз афсона фарк надорад номҳоро ифшо кунед то ҳамагон донанд киянд он номардон ки ба кудакони аз 13 то 15 даст бардоштанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)