Бахшҳо

Салими Аюбзод: “Панҷ маротиба”-ро беҳтар аст “панҷ бор” ё “панҷ раҳ” бигӯем

Салими АЮБЗОД

ПАНҶ МАРОТИБА – ПАНҶ МАРТАБА
Вале беҳтараш – панҷ бор, панҷ раҳ, панҷ дафъа...

Менависанд, ки “ду маротиба” ба Кобул сафар кард ё “се маротиба” ба вазорат шикоят бурд ва монанди инҳо. Асли вожа “маротиб” (аз рутба) ва он худ аллакай ҷамъ аст ва агар панҷ бор дар назар бошад, беҳтар аст танҳои он “мартаба” ё “мартабат” корбаст шавад. Ба маънии “бор”, “дафъа”, “кара”, “карат”, “раҳ”.
Дар ишқи ту бо умеди суде
Сад БОР маро зиён расидааст.
(Анварӣ)

***

Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ РАҲ сад ҳазор” (Авфӣ)

Камтар, аммо гоҳе дида мешавад, ки “панҷоҳ сарбозон”, “дувоздаҳ навозандагон”, “чаҳор донишҷӯён” менависанд. Яъне, боз ҳам ҳолати “ҷамъ кардани ҷамъ”. Дурусташ -- “панҷоҳ сарбоз”, “дувоздаҳ навозанда”, “чаҳор донишҷӯ”.
“Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор” (Фирдавсӣ)

Мӯҳр
Муҳаммад
Ба номи Худованди меҳрубон
Ман ҳайрон мешавам, ин вожаҳо чӣ иртиботе ба Салими Аюбзод дошта бошад? он чӣ ба назар мерасад ин кор кори касоне аст, ки мутахасис дар вожа шиносӣ ҳастанд. Оё Салими Аюбзод мутахасиси вожашиносӣ аст? Салими Аюбзод як журналист аст. Ин кас дар хусусиёти журналистӣ назар бидиҳад на дар вожа шиносӣ.
Бо ташаккур

ТОЧИК
Кори неке кардаанд, аз эшон сипосгузорем. Ки кӣ аст ва чӣ ихтисосеро дорад, муҳим нест, аммо гуфтаи ӯ ва далоили он муҳим аст, то манзур дақиқ ва мушаххас бошад. Далоили Салим Аюбзод ҳам мушаххасанд ва дар ин ҷои шак ҳам нест. Кори хайре мекунед "Озодагон"-иён, ҳалолатон бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)