Бахшҳо

Росбалт: Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Самад-“доляситонҳо”-и нав аз муҳоҷирон дар Русия

Манобеъ дар пулиси Русия мегӯянд, дар пайи муноқишаи маргбори “Хованское” бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи этникӣ аз ҷониби роҳбарият мавриди интиқоди шадид қарор гирифт ва феълан назорати минтақаҳои ҷамъшавии муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорати пурзӯр қарор гирифтааст.

“Росбалт” аз қавли манобеаш дар пулиси вилояти Маскав мегӯяд, назди кормандони оперативӣ вазифа гузошта шуд, ки ҳамаи ҳаводис дар иншоотеро, ки муҳоҷирони меҳнатии зиёд аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд, зери назар гиранд. Ба иттилои манбаъ, дар пайи омӯзиш маъмурини пулис муайян кардаанд, ки вазъ дар бархе аз бозору марказҳои савдо, махсусан дар минтақаи “МКАД” ва “Люблино” муташанниҷ аст, зеро “ҳақситонӣ”-ҳои ғайриқонунӣ афзоиш ёфтаанд: “Якбора зиёд шудани ҳаҷми ҳақситонӣ боиси норозигии ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатӣ шудааст, ки қисмати зиёди музди худро ба ҷинояткорон медиҳанд”.

Юрий Вершоев, муаллифи ин матлаб аз қавли манобеаш навиштааст, ҳақситонӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозору марказҳои савдо дар пайи созиши сохторҳои ҷиноӣ бо раисони бозорҳо роҳандозӣ шудааст: “Аз ҷониби олами ҷиноӣ ин равандро “дузди қонунӣ” Олег Михаелян бо тахаллуси Олег Ашхабадский назорат мекард. Ӯ ба ҳайси нозир Шуҳрати тоҷик, ки миёни муҳоҷирон нуфуз доштааст, таъин намудааст. Шуҳрат дар навбати худ барои пуштибонии ҷисмонӣ Мустафо, собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси қудратии Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Ҷамъоварии бевоситаи маблағ ба дӯши Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Ҳоҷӣ Самад, бригадирҳои аробаю боркашҳо вогузор шуда буд”.

Ба иттилои манобеи “Росбалт”, бо мурури замон нақши ҳоҷиҳо Ҷаббор ва Самад дар ҷамъоварии маблағҳо афзоиш ёфт ва онҳо мустақилтар шуданд. Бо роҳбарони бозору марказҳои савдо робитаи мустақим барқарор карда, ҷамъоварии маблағҳоро ба дасти худ гирифтанд.

Вершов навиштааст, чанде қабл Мустафо ба ҷони худ хатарро эҳсос карда, дар вилояти Кострома хона харидааст: “Аммо ним сол пеш бо зарби 14 тир дар пеши дари хонааш кушта шудааст. Баъдан Шуҳратро низ дар ноҳияи Домодедова парондаанд”.

Юрий Вершов таъкид намудааст, ки дар аҳди Ҳоҷӣ Самад ва Ҳоҷӣ Ҷаббор ҳаҷми ҳақситониҳо афзоиш ёфт, ки ин норозигии муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овардааст: “Афродеро, ки норозигӣ баён мекунанд, латтукӯб мекунанд, аз ҷои кор меронанд”.

Манбаи “Робалт” ҳушдор додааст, ки бархилофи муноқишаи “Хованское”, ки садҳо иштирокчӣ дошт, дар муноқишаҳои нави эҳтимолӣ сухан аз ҳазорҳо афроди норозӣ меравад.
Мӯҳр
savolak
Ягонта шери наре нестай ки бнависа ин Мустафо ки бдай?

Мустафо собик мовини Сухроб камандир, хочи
Чабор собик бригадири бозори черкиз ба фикрум аз Чортути Душанбе

khonanda
«Озодагон», забони мақола хеле хароб аст, чи аз лиҳози вожа ва чи тарзи ҷумлабанди.

Хочи Самад аз Олисовети райони Рудаки. Бачаи хуб буд лекин ихел бданша намедонистем.

Кори хуб мешуд амин муфтхуроне ки лукмаи дахони аробакашони бозорхои САДАВод Люблино ва Фуд сити горат мекунад ба чавобгари кашонда шавандsavolak,
savolak,
savolak,

Хуни аробакашхоро мемакан

Darevesh
khonanda,
khonanda,
Chunki injo az rui naqli muhojiron girifta shudaast

бе ном
И чи ҳамаш ҳоҷиян чи. Ҳоҷи дигар кор надорад, ки доля мегундора?

Вакте дар барномаи "Минбар"-и радиои "Имруз" бо ширкати чабрдидае аз хакситониву чабру зулми Хочи Чаббор гуфтанд, аммо макомот хомуширо ихтиёр карданд, баъзан масъулин уро пуштибони карданд!

Саломалекум хам ватанони азиз! Аз дасти ин ду хочи хонай хазорхо точик вайрон шудай ин шо Аллох нав даракша ёфтан хуни мардум мехуранд то хозир 18 хона дора дар центри Москва ин шо Аллох вакташ омад барой чавоб додан икадар точикона сар хам месохти ин шо Аллох худованд сархамат месозад у рестораное дори дар москва ин бойгари ту бе хисоб шуд аз дасти пора хури имруз мера хамаш ин Шо Аллох

мехмон
Точикон якдигарро мефурушад,фиреб медихад,бо дигар миллатхо якчо шуда мезананд. Барор чи ? Барор пул. Дар тамоми миллатхои кавкози шахсони бой, сохибкор, корчалон хаст. Факат дар мо точикон нест. Миёнравхо факат точикони худро истисмор карда косалеси дигар миллатхо хастанд. Ин паст задан не хакикат аст !!!!
Хатто Каромат Шарипов низ аз точикон истифода мебарад. Дар офисаш варакаи бакайдгири ( регистрация) мефурушад.Баъд худро пуштибон меномад. Бародарон ин хама хакикат аст ва ба як миллати бесаробон( нигахбонамон Худовандбошад!) табдил ёфтаем.
Якдигарро хурмату химоя кунем каси дигар моро хурмат мекунад. Набошад гулом мешавему меравем ва фарзандонамон Моро намебахшанд !! Чоп кунед озодагон !!!

амин
Хамаи хамин хочихоро як тафтиш карда бароян ки аз кучо ин кадар маблаг ёфта 18 маротиба хач мераванду 4 тоги зан мегиранд.
ба фикри ман инро худо намедихад, ин пулхоро аз хамин аробакашхо ва мардикорхои аз худо метарсидаги меситонанду худро ба худо наздик гуфта
боз бо забони дароз дар гирди мардум шуру гавго андохта мегарданд.

Мухочир
Х,очи Ч,аббору Х,оч,и Самад х,арду аз Оли-совети Нох,ияи Рудаки х,астан...100%

Ба гайр аз сиёсат, боки чизе нест!!
Макомоти кудратии Руссия нагз медонад, ки точикхо дар ин бозорхо ба хайси "шестерка"-и чухудхо кору фаъолият мекунанд, маблаги пулие, ки аз аробакашхо ба даст меоранд, ин маблагхоро чухудхо месупоранд, яъне хочихо дар ин бозорхо ичрочиянд, супориши чухудхои Озарбочониро ичро мекунанд. Баъди хаводиси Хованский, Точикистон аз минбархои баланди давлати талабгори барасии одилонаи вокеъ шуд, мо инро медонем. Русхо дар навбати худ, ба хайси чавоб ба хукумати Точикистон, дар ВАО ин маълумотхоро пахн кард,яъне русхо гуфтани хастанд, ки Шумо, аз мо талаби одилонаи казияи Хованскиро доред, вале дар асл худи точикхо ба "долиябанди" машгуланд.

али
Боз ба сари точики бечора шурбои гарм чаппа шуд.чаро кушандахои се точикро номша намегиранд чаро дар ходисаи хованское боз точикон гунахкор чунки вазири корхои дохили точикистон медал гирифт аз суи вазири руссия

мутмаъинам ки ин афрод, аллакай шахрвандони Россияанд ва барои макомотхои кудратии Точикистон дастнорасанд. ки бечазо мемонанд. Барои макомотхои кудратии Россия бошад, будани чунин ашхос фоидаовар аст. Барои руссхо як-ду нафарро рохбари кардан осонтар аст ё тамоми издихоми точики дар Москав ё Санкт Петербург бударо? Инхоро решакан карда намешавад. Чи хеле ки худи русхо мегуянд: "Свято место пусто не бывает" Ба чояшон дигараш меояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)