Бахшҳо

Шӯрои уламо қасамхӯрӣ ба Қуръон ва рӯзахӯрӣ аз фаромӯширо ҷоиз донист

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво додааст, ки агар рӯзадор ба фаромӯшӣ чизе хӯрад ё нӯшад ва ё бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, рӯзааш намешиканад ва қазо ҳам воҷиб намешавад.

Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш бо такя ба “Бухорӣ. 1933, Муслим. 1673” аз қавли Паёмбари Ислом (с) овардааст: “Агар шахсе дар ҳоли рӯза фаромӯш карда хӯрад ё нӯшад, рӯзаи худро ба охир расонад, зеро Худованд (ҷ) ӯро хӯронида ва нӯшонидааст”.

Ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор доштаст, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст: “Инчунин дар урфи мардуми кишвар қасам хурдан ё касеро қасам додан бо Каломуллоҳ маъмула аст ва қасам ҳисобида мешавад, вақте ки мебинӣ қасами бо Қуръон таъсири зиёд дорад ва фатво бар ин қавл аст”. Шӯрои уламо далели ин фатвояшро «Шарҳи Илёс», ҷ.2, саҳ.311 нишон додааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.
Мӯҳр
ali vali
Kur'on kudrati zadan nadorad ki Kur'on zanad guyem

беном
Илтимос чоп кун ед ман хайронам ки иншурои уламо конуни илохиро тагир метанд ин далелхоро аз кучо пайдокардн охир ин каниститутсияи пламени неску як 15оо сол шидай шурои уламо аз худо тарсед андешакунед 50 фоизи милат аз Ислом бохабарай

Чаноби фатводиханда!!!!!ин хадисхоро як су монеду дар асоси КУРЪОНи азиммушаьн (кадом Сура, ояи чандум?) фатвотонро асоснок кунед, то ки хама бубинанду буфахманд, ки шумо рост гуптен!!!!!Зеро Куръонро бо супориши Пешвои миллат ,Чаноби Оли бисер хам фахмо ба забони точики аз чоп буроварден!!!!!

ali
Мо инро бе фатвои Саидмукарам хам медонем аз фаромуши хурдан ва нушидан намешиканад рузаро ва аммо кассам ба гайри Аллох чоиз нест агарчи Куръон хам бошад дар назди чумхури уламо.

Вафо
Хайр фахмо,ки аз фаромуши хурдан ё нушидан,лекин хамхоба шудан ин алакай дар рамазон аблахист,сабру токат гардани шайтонро шикастан ин хам як мардонагист. Худованд бино аст.

Гайр аз номи поки Худованди таоъоло, ба дигар чиз касам хурдан на чоиз аст на фоида дорад ва на зада метавонадд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)